Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти энержии Медведев дар Туркманистон


Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Руссия таъкид кард, ки бояд ҳар чӣ зудтар лулаи гоз аз Туркманистон ба Аврупо тавассути хоки Руссия эҳдос шавад. Ин лулои гоз метавонад тронзити захоири энержии Осиёи Марказиро тавассути Руссия таъмин кунад. Дмитрий Медведев ин нуктаро дар ҷараёни музокироташ бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон изҳор дошт. Раҳбари Туркманистон бори дигар итминон дод, ки қисмати аъзами гози табии худро тавассути Руссия ба бозорҳои ҷаҳонӣ мерасонад.

XS
SM
MD
LG