Пайвандҳои дастрасӣ

Кумисиюни марказии интихобот, аҳзоби сиёсӣ, ва коршиносон бар сари афзудани теъдоди вакилони порлумони Тоҷикистон тавофуқ кардаанд.

Ин тавофуқ дар нишасти охири гурӯҳи кории ислоҳи қонуни интихоботи Мачлиси олӣ ба даст омад ва тибқи он, теъдоди вакилони порлумони Тоҷикистон аз 63 ба 100 нафар афзоиш хоҳад ёфт. Ин дар ҳолест, ки Муҳибулло Додоҷонов, муовини раиси Кумисиюни марказии интихобот гуфт, Кумисюни интихоботӣ ба афзоиши теъдоди вакилони Мачлиси намояндагони маҷлиси олӣ мухолиф буд, вале аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бо аксари оро дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ муваффақ бар он шуданд, ки ба тарҳи тозаи қонуни интихобот, ки аз сӯи ин ин гурӯҳ барои ироъа ба парлумон таҳия мешавад, ин тағйирот ворид шавад.

Пешниҳоди тағйирот ба Қонуни интихобот дар хусуси афзоиши теъдоди вакилони парлумон аз сӯи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон сурат гирифтааст. Шокирҷони Ҳаким, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд пешниҳодоти ин ҳизб барои ислоҳи Қонуни интихобот 33 банди қонуни мазкурро фаро гирифта, афзоиши теъдоди вакилони мачлиси намояндагон аз хостаҳои умда башумор меравад.

Оқои Ҳаким ҳадаф аз афзоиши шумори вакилони парлумонро имкон додан ба мардуми ҳар як ноҳияи Тоҷикистон барои интихоби намояндаи мустақили худ дар парлумон арзёбӣ кард. Ба идаъои оқои Ҳаким, феълан бештари навоҳиии Тоҷикистон намояндаи худро дар порлумон надоранд, ки аз манфиатҳои интихобкунандагони ин ноҳия ҳимоя кунад. Оқои Ҳаким афзуд, ҳолати кунунии интихоби як вакил аз чанд минтақа ба густариши маҳалгароӣ дар Тоҷикистон боис мешавад ва ба ваҳдати миллӣ хатар эҷод мекунад.

Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ҳамзамон бо афзоиши теъдоди вакилон, сари коҳиши муқарароти дарсадии воридшавии аҳзоби сиёсӣ ба порлумон дар ҷараёни баргузории интихобот итифоқи назар ҳосил карданд. Тибқи қонуни феълии интихоботи Мачлиси Олӣ меъёри маҳдудияти дарсадии воридшавии аҳзоби сиёсӣ ба порлумон 5 дарсади куллия орои интихобкунандагонро ташкил медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки аҳзоби сиёсӣ агар то 5 дарсади орои интихобкунандагонро касб накунанд, наметавонанд вориди порлумон шаванд.

Аҳзоби сиёсӣ, пешниҳод карданд, ки ин меъёр аз 5 ба 3 дарсад кохиш дода шавад, то шароит барои порлумони бисёрҳизбӣ ва демукротӣ фароҳам гардад.

Аммо Ҷӯрахон Буриев, раиси дастгоҳи иҷроияи Ҳизби халқи-демократии Тоҷикистон мегуяд, ҳизбаш ба пешниҳоди афзоиши теъдоди вакилони порлумон мухолиф аст. Ӯ меафзояд, аҳзоби сиёсии дигар мехоҳанд аз тариқи афзоиши теъдоди вакилон намояндагони онҳо низ вориди парлумон шаванд, вале қонуни феълӣ имкон медиҳад, ки ҳар ҳизби сиёсие, ки дар миёни ҷомеъа аз маҳбубият бархурдор аст, вориди порлумон гардад.

Ин дар ҳолест, ки то кунун дар интихоботҳои порлумонии солҳои 2000 ва 2005 аз 8 ҳизби сиёсӣ танҳо намояндагони 3 ҳизби сиёсӣ, Ҳалқӣ-демократӣ, Коммунистӣ ва Ҳизби наҳзати исломӣ тавонистаанд, меъёри 5 дарсадии оро ба даст оранд ва вориди порлумон гарданд.

Олим Бобоев раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Точикистон мегӯяд, ҳизбаш аз ин ду тағйирот истиқбол мекунад. Зеро ба қавли ӯ, порлумони Тоҷикистон ниёз ба вакилони дигарандеш пайдо кардааст.

Карор аст, ҳафтаи оянда ин тарҳ барои баррасӣ ба порлумони Точикистон ироъа шавад.

Аммо коршиносон мегӯянд, ки ин бори аввал нест, ки барои ислоҳи Қонуни интихоботи порлумони Точикистон аз сӯи аҳзоби сиёсӣ пешниходот ироъа мешавад. Аҳзоби сиёсӣ соли 2004 низ ба порлумон чунин пешниҳодот карда буданд, вале порлумон аз қабули бахшҳои умдаи пешниҳодоти аҳзоби сиёсӣ худдорӣ кард.

XS
SM
MD
LG