Пайвандҳои дастрасӣ

20 маҷрӯҳ дар инфиҷори бомби худсохт дар Минск


Шоми дирӯз дар Минск дар назди як бинои консертӣ бомби худсохт мунфаҷир шуд. Бино ба маълумоти мақомоти расмии Белорус, дар ин инфиҷор ҳудуди 20 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Консерт ба муносибати Рӯзи Истиқлоли ин кишвар баргузор мешуд ва ҳазорон нафар дар он ширкат доштанд. Баъзеҳо ҷароҳатҳои сангин бардоштаанд. Мақомот дар ин инфиҷор авбошонро муттаҳам медонанд. Анатолий Кулешов-раиси пулиси Минск гуфтааст, пулис барои расидагӣ ба ин ҳодиса парванда боз кардааст:
"Баъзе аз осебдидагон ҳоло дар бемористони шаҳрӣ ҳастанд. Ба ҳамаи осебдидагон билофосила кумаки тиббӣ расонда шуд. Касе кушта нашудааст. Парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва расидагӣ идома дорад".
Влодимир Наумов-вазири дохилаи Белорус гуфт, ки баъдтар бами дуввумро ҳам пайдо кардаанд, ки ба эҳтимоли зиёд мунфаҷир нашудааст. Ба гуфтаи вай, бами дуввум барои расидагӣ ба ҳодиса кумак мекунад. Сухангуи раиси ҷумҳури Белорус гуфтааст, Александр Лукашенко, ки дар ин консерт ширкат доштааст, аз маҳали инфиҷор боздид кардааст.
XS
SM
MD
LG