Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати САҲА ба озодии матбуот


17-умин Иҷлоси порлумонии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо кори хешро панҷшанбе, 3-уми июл, бо қабули Эъломияи Остона ба анҷом расонд.

Дар хатми иҷлос Жоао Соареш, намояндаи порлумони Португол, ки сарвари нави Иҷлоси порлумонии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо интихоб гардид, аз ҳама намояндагони порлумонӣ ва ҷониби Қазоқистон барои бомуваффақият анҷом гирифтани иҷлос изҳори сипос намуд. Оқои Соареш таъкид намуд, ки САҲА дар бунёди Аврупои навин, Осиёи Марказии нав ва минтақаи Қафқоз нақши калидӣ бозид ва онҳо мехоҳанд, ки кори хешро дар самтҳои ҳам шарқу ҳам ғарб аз Вена идома диҳанд. Онҳо дар Балкан назорат хоҳанд кард ва мақсад доранд, ки нозиронашонро ба интихоботи раёсати ҷумҳурии ИМА фиристанд. Сарвари тозаинтихобшудаи Иҷлоси порлумонии САҲА гуфт, ки ҷонибдорӣ аз принсипҳои Ҳелсинки ва баркафкандани девори байни ҷонибҳо инҳо вазифаҳои муҳимеанд, ки дар оянда онҳо анҷом хоҳанд дод.


Дар робита ба муносиботи минбаъдаи созмон бо Осиёи Марказӣ оқои Соареш изҳор кард, ки мо медонем, ки фаъолияти хешро дар ин минтақа тавсеъа бахшем ва дар ҳоли пайдо кардани имконот ин корро анҷом хоҳем дод, гуфт сарвари Иҷлоси порлумонии САҲА


Қосимҷомарт Тоқаев, раиси сенат, яъне маҷлиси болоии порлумони Қазоқистон, ки муъовини раиси иҷлоси порлумонӣ интихоб гардид, бори дигар ба масъалаи мукаллафиятҳое, ки кишвараш чун раиси даврии созмон дар соли 2010 додааст, ишора кард. Оқои Тоқаев таъкид намуд, ки Қазоқистон ҳама он мукаллафиятҳоеро, ки барои таҳкими демократия қабул намуда буд, пурра ба иҷро мерасонад. Муъовини раиси Иҷлоси порлумонии САҲА таъкид намуд, ки кишвараш чун сарвари ояндаи созмон барои тақвияти нуфуз ва имконоти ин ниҳоди басо муҳим талош хоҳад кард.

Яке аз ҳуҷҷатҳои муҳиме, ки дар иҷлоси навбатӣ қабул гардид, ин Эъломияи Остона аст, ки дар он аз кишварҳои узви созмон даъват шудааст, фаъолияти озоди журналистонро таъмин намоянд то онон бидуни тарсу ҳарос аз таъқибу қасосҷӯӣ кори хешро анҷом диҳанд. Иҷлос бори дигар ҳуқуқи журналистонро барои бозҷӯӣ ва иншои мақола дар бораи ҳар кор, аз ҷумла дар бораи сӯиистифода аз мансаб, ки ниҳодҳои давлатӣ анҷом медиҳанд, таъйид мекунад.

Ҳамчунин дар эъолмия омадааст, журналистон ва кормандони расонаҳои хабарӣ, ки вазоифи хешро дар минтақаҳои ҷанг анҷом медиҳанд, чун шаҳрвандони оддӣ бояд таҳти ҳимоят ва эҳтиром қарор дошта бошанд ва иҷлос аз кишварҳои узви созмон дархост кардааст, ки ҳангоми низоъҳои ҳарбӣ мустақилияти ҳирфавӣ ва ҳуқуқи журналистон ва кормандони расонаҳои хабариро таъмин намоянд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар 17-умин Иҷлоси порлумонии САҲА, ки бори нахуст дар Осиёи Марказӣ доир гардид, намояндагони 56 кишвари узви ин созмон ширкат карданд. Иҷлоси навбатии порлумонии САҲА тирамоҳи соли равон дар шаҳри Торонтои Конодо баргузор мегардад.

XS
SM
MD
LG