Пайвандҳои дастрасӣ

Роман Абрамович аз вазифа сабукдӯш шуд


Президенти Русия Дмитрий Медведев имрӯз қарореро имзо кард, ки тибқи он волии Чукотка Роман Абрамович аз ин вазифа сабукдӯш мешавад. Чунин қарор бо дархости худи Абрамович содир шудааст, гуфта мешавад дар хабар. Барои муваққат вазифаи волии Чукоткаро Роман Копин, муовини раиси вилоят иҷро хоҳад кард. Абрамовичи миллиардер дар миёни сарватмандтарин шаҳрвандони Русия зикр шуда, ғолибан дар Бритониё ба сар мебарад. Абрамович ба ин вазифа бори аввал соли 2000 интихоб шуда буд ва баъдан дар соли 2005 ҳузури вай дар ин мақом тамдид карда шуд.
XS
SM
MD
LG