Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қатъномаи САҲА нисбати Русия


Маҷмаи парлумонии САҲА аз Русия даъват кард, ки аз зер хароб кардани тамомияти арзии Гурҷистонро хотима диҳад. Баъди он ки оғози соли ҷорӣ Маскав ба наздикшавии бештар бо ду ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ иқдом кард, мавриди танқиди ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифт. Дар қатъномае, ки дар поёни нишасти солонаи Қазоқистон қабул шуд, САҲА аз Русия тақозо кард, ки аз "эҷоди ҳама гуна равобите бо ин ду ҷумҳурӣ, ки барои ба ҳам задани тамомияти арзии Гурҷистон равона шудааст, худдорӣ кунад". Қатъномаи мазкур инчунин дар заминаи тасмими Русия оид ба ирсоли нирӯҳои посдори сулҳаш ба Абхозистон изҳори нигаронӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG