Пайвандҳои дастрасӣ

Бетанкур ба дидори фарзандонаш расид


Сиёсатмадори фаронсавию колумбиягӣ Ингрид Бетанкур ниҳоят баъди шаш соли ҷудоӣ дубора ба дидори фарзандонаш расид. Вай ва 14 нафари дигар шоми дирӯз дар ҷараёни як амалиёт аз гарави нирӯҳои мусаллаҳи Колумбия, мавсум ба FARC озод шуданд. Писари Бетанкур Лорентсо ва духтараш Мелани тавассути ҳавопаймое ҳамроҳи вазири хориҷаи Фаронса Бернар Кушнер ба пойтахти Колумбия шаҳри Богота парвоз карданд. Хонум Бетанкур раҳоии худро аз гарави тӯлонӣ чун як мӯъҷиза арзёбӣ кард. Сарбозоне, ки барои раҳоии ӯву гаравгонҳои дигар рафта буданд, бо либоси кормандони як созмони хайрия ба бовари гаравгонгирҳо даромада ин гурӯҳро раҳо карданд. Танҳо дар дохили чархбол ба онҳо гуфта шуд, ки онҳо комилан озод шудаанд. Ингрид Бетанкур аз чеҳраҳои баландпояе буд, ки соли 2002 ҳангоми ширкаташ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ба ҳайси номзади интихоботӣ дуздида шуд.
XS
SM
MD
LG