Пайвандҳои дастрасӣ

Муттаҳами ҷиноёти ҷангӣ сафед шуд


Додгоҳи таҷдиди назари трибунали низомии СММ дар Ҳейг имрӯз фармондеҳи собиқи мусалмонҳои Боснияро дар Сребренитса барои ҳукме, ки ду соли пеш содир шуда буд, сафед кард. Соли 2006 Носир Орич барои нагирифтани пеши роҳи куштор ва шиканҷаи сербҳои босниягии зиндонӣ дар Сребренитса дар миёни солҳои 1992 то 1993 ба ду соли зиндон маҳкум шуд. Аҳзоби сиёсии Сербистон ба ҳукми додгоҳи имрӯза вокунишҳои хашмолуд нишон доданд. Сухангӯи ҳизби демократии раиси ҷумҳурӣ Борис Тадич гуфт, ки ҳукми мазкур эътибори додгоҳро ба ҳам мезанад. Ин дуюмин ҳукмест, ки дар ин охирҳо бо ғазаби сербҳо рӯбарӯ мешавад. Моҳи апрел додгоҳ нахуствазири пешини Албания ва раҳбари шӯришиҳо Рамуш Ҳарадиначро бо сабаби адами далелҳои кофӣ озод кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG