Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев бо Алиев дидору гуфтугӯ кард


Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев имрӯз бо ҳамтои озарбойҷонии худ Илҳом Алиев дар Боку мулоқот кард ва гуфт, ки Маскав ин кишварро ба ҳайси шарики раҳбурдии худ дар Қафқоз арзёбӣ мекунад. Медведев инчунин гуфт, ки мизони тиҷорат миёни ин ду кишвар дар чор моҳи соли ҷорӣ 50 % афзоиш ёфтааст ва вай изҳори умедворӣ кард, ки дар оянда ҳам ҳамингуна афзун хоҳад шуд. Медведев барои анҷоми як сафари дурӯза вориди Боку шуд. Яке аз масоили мавриди баҳси ин диду боздидҳо тақвияти ҳамкориҳо дар риштаи энержӣ гуфта мешавад. Аз Боку Медведев роҳии Туркманистон ва Қазоқистон хоҳад шуд ва пасон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои санъатии ҷаҳон ба Ҷопон меравад.
XS
SM
MD
LG