Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сангтӯда-1 мушкили энержиро ҳал мекунад?


Ҳафтаномаи «Азия плюс» фаъолшавии агрегати дуввуми ин нерӯгоҳро аз қавли президент Раҳмон як гоми муҳим дар роҳи истиқлолияти энержии кишвар арзёбӣ кардааст. Нашрия ҳамчунин ин нуктаи суханронии президенти Тоҷикистонро, ки мегӯяд барои иҷрои тарҳҳои энержӣ мо на танҳо манофеи миллӣ, балки манофеи кулли минтақаро пеши назар дорем, иқтибос овардааст.

Аммо нашрияи «Нигоҳ» дар ин маврид назарҳои дигарро матраҳ карда ва ин суолро пеш гузоштааст, ки Сангтуда -1 то куҷо метавонад барои истиқлолияти энержии кишвар мусойидат кунад. Нашрия аз қавли бархе аз таҳлилгарон навиштааст, ки дар ҳоле 75 дар сади саҳмияҳои ин неругоҳ ба кишвари дигар тааллуқ дорад ва дар ҳоле, ки нархи фурӯши барқи тавлидмешудаи ин неругоҳро бегонагон таъйин мекунанд, мантиқӣ нест, ки дар бораи таъсири ин неругоҳ ба истиқлолияти энергетики кишвар ҳарф зад.

Нашрияи «Фараж» зери унвони «Исломситезӣ дар ниқоби оёту аҳодис?» матлаберо ба қалами рӯзноманигор Хайриддини Қосимӣ мунташир кардааст. Муаллиф бархӯрди бархе аз кормандони идороти давлатӣ бо рӯҳониён ва масоҷидро интиқод карда ва онҳоро дар густариши фарҳанги бегона ва талош барои қонунӣ сохтани танфурӯшӣ дар Тоҷикистон муқассир хондааст. Оқои Қосимӣ мамнӯъияти пахши азон тавассути садоафзо дар масоҷид, манъи ширкати наврасон барои ибодати дастаҷамъӣ, гузаронидани аттестатсияи имомхатибон, тахриби бархе аз масоҷид ва ҳамин тавр, ҷилавгирӣ аз ширкати занон дар масоҷидро иқдомоти номуносиб ва хилофи анъаноти мардумӣ арзёбӣ карда, гуфтааст, ки ин ҳама талошҳо кори дасти афродест, ки бо собиқаи атеистӣ масъулияти масоили дину мазоҳиб дар давлатро бар дӯш доранд.

Ҳафтаномаи «Миллат» як матлаби муфассалеро дар дувуним саҳифа зери унвони «Мо ҳама аз оби Рудак хӯрдаем», бо қалами донишманди тоҷик Қиёмиддин Сатторӣ бахшида ба 1150 солагии падари шеъри форсӣ -Абӯабдулло Рӯдакӣ ба нашр расонидааст. Муаллиф бо оварадани фарзия ва ривоёти мухталиф ин иддаоро пеш гузоштааст, ки маҳалли таваллуди Рӯдакӣ рустои Рӯдаки дараи Шинги Панҷекат аст, вале қабри қофиласолори адабиёти тоҷику форс деҳаи Панҷрӯди Панҷекат мебошад. Муаллиф ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ба хотири бузургдошти ин устоди адабиёт бояд дар зодгоҳи вай, яъне Рӯдаки Шинг нимпайкараи ӯро гузорад.

XS
SM
MD
LG