Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳсин Муҳаммадиев, собиқ бозигари дастаи машҳури «Помир»-и Душанбе, мудири варзишии бошгоҳи футболи «Рубин»-и шаҳри Қазон (Русия) таъйин гардид.

Воқиъан, дастаи «Рубин» дар ҳамин ҳол дар лигаи аршади футболи Русия бо 25 имтиёз аз 11 бозӣ дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст.
Муҳсин Муҳаммадиев 21-уми июли соли 1966 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ аз соли 1985 то соли 1991 ҳамлагари дастаи «Помир»-и Душанбе буд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар тимҳои машҳури футбол – «Локомотив»-и Маскав, «Спартак»-и Маскав, «Аустрия»-и Вена ва «Торпедо»-и Маскав – ҳунарнамоӣ кардааст. Вай соли 1994 дар ҳайъати дастаи «Спартак» (Маскав)қаҳрамони футболи Русия гардид.
Муҳсин Муҳаммадиев 17 сол инҷониб дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия, ба сар мебарад. Соли 2005 ӯ Мактаби олии мураббиёни Маскавро хатм намудааст. Панҷ соли ахир дар дастаи дивизиони аввали футболи Русия «Витяз»-и Подолск ба ҳайси мураббӣ ва сармураббӣ ифои вазифа кардааст.
Бо ситораи собиқи футбол Муҳсин Муҳаммадиев дар бораи вазъи имрӯзаи футболи тоҷик суҳбат оростем. Вай гуфт: «Табиъати Тоҷикистон имкон медиҳад, ки тамоми сол ба футбол машғул шавем, иқлими мусоъид дорем, вале, мутаассифона. бисёр майдонҳои футболи мамлакат барои тамрину бозии футбол созгор нестанд. Футбол дар Тоҷикистон ҳамчун риштаи аввали варзиш эътироф шудааст. Аз ин хотир, он бояд ба ғамхорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи давлат фаро гирифта шавад ва ҳамеша дар маркази диққати ҳукумати ҷумҳурӣ қарор бигирад. Ба назари ман таҳияи як барномаи вижаи давлатии рушди футбол дар кишвар барои 5 – 10 соли наздик лозим аст».
Ба андешаи Муҳсин Муҳаммадиев, тими миллии футболи Тоҷикистон ба ҷуз ширкат дар мусобиқоти расмӣ, бояд ҳар сол камаш 4-5 бозии дӯстона бо тимҳои қавии кишварҳои дигар анҷом бидиҳад. Ӯ, аз ҷумла, чунин гуфт: «Дастаи миллии кишвар, аввалан, бояд база ё урдугоҳи хуби замонавии таълимиву тамринӣ дошта, баъдан, аз ҷиҳати моддиву молиявӣ комилан таъмин бошад».
Муҳсин Муҳаммадиев аз вазъи ногувори мактабҳои футболи кишвар изҳори нигаронӣ кард: «Дар бораи футболи касбӣ сухан ронда, мо бояд фаромӯш насозем, ки таҳкурсии он футболи кӯдакону наврасон маҳсуб мешавад. Аз ин хотир мо бояд ба рушди футбол байни онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, ба эҳёи мактабҳои махсуси футбол, ки дар даврони шӯравӣ хеле хуб фаъъолият доштанд, аҳаммияти аввалиндараҷа бидиҳем. Вале боиси таассуф аст, чунин мактабҳо, ки теъдодашон дар ҷумҳурӣ хеле коҳиш ёфтааст, дар вазъи ногувор қарор доранд».
Ба назари ин футболбози маъруф, масъалаҳои ҳалталаб дар футболи тоҷик зиёданд, вале масъалаи аз ҳама асосӣ сармоягузорист ва танҳо баъди ҳалли он дар бораи ҳамаи масоъили дигар ҳарф задан мумкин аст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG