Пайвандҳои дастрасӣ

Бетанкур ба Фаронса парвоз хоҳад кард


Як ёвари раиси ҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ гуфт, ки гаравгони озодшуда Ингрид Бетанкур рӯзи ҷумъа ба Фаронса сафар хоҳад кард. Саркозӣ барои раҳошавии собиқ номзади курсии президентии Колумбия хонум Бетанкур, ки шаҳрванди Фаронса низ мебошад, талоши зиёд ба харҷ додааст. Вай ҳамроҳ бо 14 гаравгони дигар аз дасти ҷангҷӯёни Колумбия шоми дирӯз озод шудаст. Сарбозоне, ки барои раҳоии онҳо рафта буданд, бо либоси кормандони як созмони хайрия ба бовари гаравгонгирҳо даромада ин гурӯҳро раҳо карданд. Ингрид Бетанкур аз чеҳраҳои баландпояе буд, ки беш аз шаш сол дар гарави нирӯҳои мусаллаҳи Колумбия, мавсум ба FARC, ки чун гурӯҳи қадимаи шӯришӣ дар қаламрави Амрикои Лотинӣ шинохта мешавад, ба сар бурдааст.
XS
SM
MD
LG