Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвариши "паҳлавон"-бодиринге дар Суғд


Хабаргузории Азия-Плюс аз шимоли Тоҷикистон хабар медиҳад, ки як кишоварзи маҳаллӣ дар боғи наздиҳавлигии худ бодирингеро дар ҳаҷми бесобиқа бузург парвариш кардааст. Дадахон Умаров, раиси хоҷагии деҳқонии "Сирдарё"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, ки ин сабзаҷот дар ҳаҷми беш аз 1 метр дар боғи як шолипарвари маҳаллӣ Шарифбой Нурматов бузург шудааст. Худи оқои Нурматов гуфтааст, ки аз ҳаҷми бесобиқа азими бодиринг дар ҳайрат монда дар аввал фикр кардааст, ки шояд дар боғаш тухми кадом меваи дигарро кишт карда бошад, ва аммо баъдан маълум шудааст, ки ин як навъи дигари ҳамон бодиринги дар Тоҷикистон маъмул будааст. Вай мегӯяд, ки феълан дарозии ин мева 1 метру 6 сантиметрро ташкил дода, вазнаш 3,2 кг мебошад. Аз назари маззаву таркибаш "паҳлавон"-бодиринг ҳеҷ тафовуте бо навъи маъмули бодирингҳо дар Тоҷикистон надошта ҳатто дар баробари тағйироти иқлим ва бемориҳои мухталиф муқовиматпазир будааст. Шарифбой Нурматов дар сӯҳбат бо Азия-Плюс изҳори умедворӣ кардааст, ки дар наздиктарин фурсат донишмандон дар ин замина фикри худро баён хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG