Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев аз Бокуву Ашқобод дидан мекунад


Имрӯз боздиди дурӯзаи раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев аз Озарбойҷон шурӯъ мешавад. Ҳадафи ин мулоқотҳо тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни Маскаву Боку мебошад. Баъди мулоқот бо раиси ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев раҳбари Русия Дмитрий Медведев ба Ашқобод барои дидору гуфтугӯҳо бо ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов парвоз хоҳад кард. Баъди Русия Туркманистон дуюмин тавлидкунандаи бузурги гази табийӣ дар қаламрави шӯравии собиқ ба шумор меравад. Солона дар ин кишвар 80 миллиард метри кубӣ газ истихроҷ мешавад.
XS
SM
MD
LG