Пайвандҳои дастрасӣ

25 ҷангии Толибон кушта шуданд


Як мақоми ҳукуматии Афғонистон гуфт, ки сарбозони артиши миллии ин кишвар ва нирӯҳои НАТО дар пайи амалиёти 10-соатае дар ғарби ин кишвар 25 ҷангии Толибонро нобуд карданд. Хабаргузории Франс-Пресс дар нақли қавл аз волии Бодғис Муҳаммадаюб Ниёзёр мегӯяд, ки даргирӣ рӯзи чоршанбе дар вулусволии Муқури ин вилоят рух дод. Ҳеҷ иттилое роҷеъ ба хисороте дар миёни нирӯҳои НАТОву артиши Афғонистон дар даст нест. То имрӯз бештар манотиқи ҷанубии Афғонистон бо хушунатҳову даргириҳо рӯбарӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG