Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамосаи «Манас» аз се достон иборат буда, дар бораи Манаси баҳодур, шуҷоъати писари ӯ, Семетей ва қаҳрамониҳои набераи Манас-Сейтек баҳс мекунад.

Майрамхон Абулқосимова, шоираи мардумии Қирғизистон таи як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, ки адабиёти қирғиз маҳз аз ҳамосаи «Манас» поягузорӣ шудааст.

Хонум Абулқосимова гуфт, ин ҳамоса беш аз ним миллион сатрро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи Майрамхон Абулқосимова қаҳрамонҳои ҳамосаи «Манас», ки се насли як авлод ҳастанд, ифтихори мардуми қирғиз мебошанд.

Воқеъан, мундариҷаи асосии ин ҳамосаро диловарӣ ва шуҷоъати Манас ташкил мекунад, ки вай зимни ҳимояти ватанаш аз ишғолгарони хориҷӣ нишон додааст.

Дар ҳамосаи мазбур омадааст, Манас дар оилаи Ҷакибхон вақте ба дунё омад, ки ишғолгарони хориҷӣ марзи ватани ӯро шикаста ва мардуми кишварашро зери шиканҷаву озор қарор медоданд. Гуфта мешавад, душманон амволи мардумро низ тороҷ карда ва онҳоро зӯран аз хоки Алатоо берун ронда буданд.

Маълум шуд, ки Манас ҳанӯз дар гоҳвора нерӯи ғайритабиъиро соҳиб буд ва дар нӯҳсолагӣ бо душманон вориди ҷанг шуд. Мардуми азиятдидаи қирғиз пас дар атрофи Манаси паҳлавонсимо мут таҳид шуд ва ватани худро аз душманон тоза кард. Мардум дубора ба Алатоо баргашт.

Манас ба духтари ҳокими Бухоро-Хоникей издивоҷ намудааст, ки дар ватанаш вайро ба номи Робия ёд мекарданд. Дар достон Хоникей ҳамчун зани вафодор, заковатманд ва шуҷоъу дурандеш тасвир ёфтааст.

Тавре дар достони «Манас» омадааст, дар яке аз муқовиматҳои шадид бо душманони кишвараш Манаси баҳодур сахт захмӣ шуда ва бар асари ин захм оламро падруд мегӯяд.

Ҳамаи ин ҳаводис дар қисмати аввали достони «Манас» ба риштаи тасвир кашида шудааст.

Дар қисмати дуввуми достон ҳодисаҳое баррасӣ шудаанд, ки ба шуҷоъату қаҳрамониҳои писари Манас-Семетей марбутанд. Бино ба ин достон дар натиҷаи фишори душманони дохилӣ Хоникей маҷбур мешавад, ки писарашро бо худ ба зодгоҳаш - Бухоро оварад ва ба ин васила вайро аз душманони нотавонбинаш наҷот диҳад.

Семетей дар сини 14 солагӣ ҷавони ҳузарб ба воя мерасад ва ба Ватан бармегардад, то ки душманони хонаводаашонро торумор созад. Семетей ба ин аҳдоф мерасад ва ба духтари Охунхони афғон Ойчурек издивоҷ мекунад. Вале бар асари хиёнати яке аз наздиконаш Канчоро ба қатл мерасад. Модараш-Хоникей ва завҷааш Ойчурек як ҷо бо пайвандони размандагони Семетей ба ғуломони дасти душмани онҳо - Ғиёсхон табдил меёбанд. Вале дар қисмати севвуми достони «Манас» Сейтек, набераи Манас адолатро дубора дар кишвараш барқарор мекунад ва мардумро аз шиканҷаву асорат озод мекунад.

Ба гуфтаи коршиносони масоъили фарҳангӣ дар ин достон дар радифи лаҳзаҳои ҳарбу зарб ва саҳнаҳо аз ҳаёти иҷтимоъиву маишӣ, ҳамчунин истифода аз далоили афсонавӣ ва фантастикӣ низ мавқеъи хосро ишғол кардааст.

Дар ҳамин ҳол, дар Қирғизистон хамосахонӣ ба яке аз аркони зиндагии мардуми бумии ин кишвар табдил ёфтааст. Ҳар сол озмуни манасхонӣ баргузор мегардад, фестивалҳо доир карда мешавад ва ба ин васила тарғиби достони «Манас», шуҷоъати қаҳрамониҳои се насли як авлод дар миёни мардум ба таври васеъ тарғиб ва ташвиқ мегардад.

Аммо дар миёни ҷавонони қирғиз шавқи манасхонӣ рӯ ба коҳиш оварда ва ҳамосаи «Манас» низ маъруфияти пештараашро аз даст додаст.

XS
SM
MD
LG