Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бетанкур баъди 6 сол аз гарав раҳо шуд


Баъди боздошти тӯлонӣ ниҳоят як номзади пешини раёсатҷумҳурӣ ва 14 гаравгони дигар аз дасти ҷангҷӯёни Колумбия озод шуданд. Ингрид Бетанкур ва гаравгонҳои дигар, ки дар миёни онҳо се шаҳрванди Амрико ҳам буданд, дар як амалиёти бидуни хушунат озод шуданд. Сарбозоне, ки барои раҳоии онҳо омаданд, бо либоси кормандони як созмони хайрия ба бовари гаравгонгирҳо даромада ин гурӯҳро раҳо карданд. Ингрид Бетанкур аз чеҳраҳои баландмақоме буд, ки беш аз шаш сол дар гарави нирӯҳои мусаллаҳи Колумбия, мавсум ба FARC, ки чун гурӯҳи қадимаи шӯришӣ дар қаламрави Амрикои Лотинӣ шинохта мешавад, ба сар бурдааст.
XS
SM
MD
LG