Пайвандҳои дастрасӣ

Мусоҳиба бо Абдумаҷид Достиев, сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия

Баъд аз онки шартномаи миёни Тоҷикистон ва «РусАл», як ширкати Русия, ки қарор буд, дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» маблағи қобили мулоҳиза ихтисос диҳад ва дар анҷоми ин тарҳи муштарак ширкат кунад, лағв гардид, ба бовари коршиносон, дар муносиботи миёни ин ду кишвар сардӣ пеш омадааст. Русия мехоҳад дар сохтмони ин нерӯгоҳ, ки на танҳо як манбаъи тавлиди барқ, балки як фишанги тавонои назорат бар минтақа низ бошад, ширкат варзад, аммо бо ихтиёрдории саҳмияҳои на камтар аз 51 дарсад. Дуруст ҳамон хоҳишеро, ки давлати Тоҷикистон ба он розӣ шуданӣ нест, зеро дар ин сурат Тоҷикистон танҳо шарик ба даромад ва ё, дақиқан, ба ҳиссае аз фойидаи он хоҳад шуд, на беш аз ин.
Барои равшанӣ андохтан ба мубоҳисоти миёни ду кишвар суҳбате доштем бо Абдумаҷид Достиев, сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия.
Абдумаҷид Достиев, бо таъкиди ин нукта, ки давлати Тоҷикистон барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ манофеъи миллиро аз ҳар арзиши дигар боло мегузорад, мутмаъин аст, ки Русия дар бунёди ин иншооти ҳаётан муҳимм саҳми худро хоҳад гузошт. Ва дар баробари мушкилоти пешомада дар ин замина бо истифода аз фурсат аз оқои сафир инчунин дар робита ба масоъили муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия ва бархе дигар аз масоъили марбут ба таҳаввулоти тоҷикони муқими Русия суъолҳо кардам. Аммо нахуст аз оқои сафир масъалаи ҳузури Русия дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро суъол кардам:
– Ҷаноби сафир, Шумо замоне ба ин мақом таъйин шудед, ки, ба андешаи коршиносон, равобит миёни Тоҷикистону Русия на он қадар хуб аст ва ҳоло низ чунин ба назар мерасад, ки вазъ тағйир наёфтааст. Ба назари шумо иллати ин дар чист?
– Дар сатҳи олии давлатдорӣ, дар сатҳи ду ҳукумат мо проблемма надорем. Лекини баъзе корҳое ҳастанд, ки байни мақомоти иқтисодии мо, мақомоти иқтисодии ин кишвар вуҷуд доранд ва агар аз баъзе ҷиҳатҳо масъалаҳои муносибати соҳибкорони ин кишвар ва он кишвар дар куҷое ба ҳамдигар барнахӯранд, ин бояд муносибати дӯстии ин ду кишварро халалдор ва ё хадшадор накунад.
Аз ҳамин лиҳоз имрӯз он компания ё он мақомоте, ки бо мо, бо Тоҷикистон, қавл карда буд, ки мо бо фалон шароит нерӯгоҳи барқи обии Роғунро месозем, баъд шояд бо дахолати касе, ё ки аз рӯи манфиатҳои худи ҳамон корхона ба ӯ даст надоду не гуфт. Вале имрӯз Тоҷикистон қодир аст, ки бо дастгирии дигар кишварҳо, вале пеш аз ҳама бо дигар компанияҳои худи Русия ва ҳукумати Русия ин корро анҷом диҳад. Аз тарафи дигар чаро мо бояд ғуломи баъзе аз ташкилотҳои манфиатҷӯи кадоме аз кишварҳо бошем? Ба он нигоҳ накарда, ки он кишвар ҳатто дӯсту шарики стратегии мо бошад. Ман боварӣ дорам, ки ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия ин паҳлуи масъаларо дуруст дарк кардаанд ва имрӯз чанд садоҳо ва чанд муроҷиатҳо низ буд, ки на инки ««РусАл»»-у дигару дигар, агар маъқул набошад ба тоҷикҳо, ҳукумати Русия ба ин кор шарик мешавад ва онро месозанд.
– Дуруст аст, аммо вақте Дмитрий Медведев, президенти Русия, ба ҳайси муовини сарвазири ин кишвар ифои вазифа мекард, гуфта буд, ки имкон надорад, ки Русия аз ҳисоби маблағи буҷа дар сохтмони барқи обии «Роғун» ширкат варзад ва, агар Русия саҳм мегузорад, аз тариқи ширкатҳои ғайридавлатӣ ин кор сурат хоҳад гирифт. Вале аз гуфтаҳои матбуъотии сафири Русия дар Тоҷикистон бармеояд, ки ин кишвар бо шарту шароити худ ва ҳадди ақалл мехоҳад бо ихтиёрдории 51 дарсади саҳмияҳо дар сохтмони ин нерӯгоҳ ҳузур дошта бошад.
Инҷо як чизи нофаҳмост: аз як тараф мегӯянд, ки аз ҳисоби буҷа ширкат намекунанд, вале аз тарафи дигар иддаъои 51 дарсади саҳмияҳоро пеш меоранд, ки он ҳам бояд дар дасти ширкатҳои ғайридавлатии ин кишвар бошад?
– Ман сафири Русия дар Тоҷикистонро, чун ба як инсони соҳибэҳтиром, эҳтиром дорам ва фикри он касро низ. Вале бовар бар он дорам, ки роҳбарияти имрӯзаи Тоҷикистон бар зарари миллату давлати мо иқдом намекунанд. Ва имрӯз дар инҷо низ дарк шудааст, ки аз тамоми кишварҳои дунё компанияҳои дигар мамлакатҳо, ки тавонотаранд аз он компанияҳое, ки худро аз ҳама пештар муаррифӣ карда буданд, мехоҳанд, ки дар сохтмони нерӯгоҳ саҳм дошта бошанд ва ширкат кунанд. Лекин бовар кунед, ки Русия, ҳукумати Русия, сиёсати ҳукумати Русия, давлати Русия нисбати собиқ кишварҳои шӯравӣ дигар асту сиёсат ё амали он компанияҳои баъд пайдошуда дигар.
Ин ҳарду тамоман дигар аст. Ва хизмати асосии ҳукуматҳои ҳарду кишвар ва пеш аз ҳама ҳукумати кишвари мо дар он аст, ки инро фарқ кардаанд ва мувофиқи он ва аз рӯи он амал карда истодаанд.
– Пӯшида нест, ки қисмати аъзами муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба сар мебаранд ва ба маҳзи кору фаъъолияти онҳо зиндагии хонаводаҳояшон ва ҳамин тавр иқтисоди кишвар пеш меравад. Ва низ дуруст аст, ки баъди рафтани Шумо ба Маскав Анҷумани тоҷикони Русия баргузор шуд, ки он Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русияро таъсис дод. Аммо баъзе аз тоҷикони муҳоҷир мегӯянд, ки бо омадани Шумо ба ин вазифа муҳоҷирон ба гурӯҳҳо ҷудо шуданд ва зимни як нома, агар ёдатон ҳаст, як гурӯҳ занҳо низ гуфтанд, ки ин кори дасти Достиев аст, ки тоҷикон дар Русия ба гурӯҳҳо ҷудо шуданд.
– Ман он мактуби занҳои тоҷикро надидам ва нахондам, мутассифона… Мумкин ин фикри онҳо аст ва барои онҳо ҳақиқат аст.
Аммо ҳақиқат ин аст, ки вақте ман дар таърихи 28-уми майи соли гузашта ба Маскав омадам, аз кормандони сафорат, ки ба масъалаҳои муҳоҷирин сару кор доранд, аз баъзе фаъъолону олимон, артистони беҳтарин, олимони беҳтарин, духтурони беҳтарин, на инки чанд нафаре, ки худашонро ҳомии мардуми мо эълон мекарданд, хоҳиш кардам ва дар инҷо ҷамъ омадем ва онҳо ба ман тавсия доданд, ки ҳарчи зудтар роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русияро аз саросари ин кишвар ҷамъ кунему ба ҳам оварем. Ва ман супориш ҳам додам, ки ба таърихи 5-уми июн ҳама роҳбарони ташкилотҳои тоҷикони муқими Русияро аз манотиқи мухталифи ин кишвар дар шаҳри Домодедовои Маскав ҷамъ кунем. Гуфтам, ки роҳбарони ҳама созмонҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Русияро даъват кунед ва дар шаҳри Домодедовои вилояти Маскав вомехӯрем.
Барои ман мояи ифтихор он аст, ки аз дуртарин вилоёту шаҳрҳои Русия аз Сибир, аз Волгоград, Калининград, Санкт-Петербург, Ханти-Мансийск, аз Уфа, аз Тотористон, аз Краснодар гуфтаанд, ки, агар сафир шахсан бо мо вохӯрад, мо мебиёем. Ва тасаввур кунед, ки аз дурдасттарин нуқоти Русия ба инҷо омаданд, ки нархи баъзе аз чиптаҳои самолётҳои онҳо хеле ва хеле гарон аст. Ва мо тибқи қарордод 5-уми июн дар шаҳри Домодедово вохӯрдем. Аз 23 вилоёти Русия намояндаҳо омаданд. Ва танҳо дар ҳамонҷо пайдо шуд идея ва фикри онки мо бояд ҳамаи тоҷиконро якҷоя кунем. Аз касе дар ин бора супорише набуд ба сафир, аз касе хоҳише набуд ба сафир.
Ва вақте дар онҷо суҳбатҳои одамони гирдиҳамомадаро гӯш кардем, ман ба хулосае омадам ва таклиф пешниҳод кардам, ки дастгирӣ ёфт, ба ғайр аз як нафаре, ки гуфт, мо ҳизби муҳоҷирони Тоҷикистонро ташкил мекунем ва барои ҳукумат дар Тоҷикистон ва Русия мубориза мебарем. Аммо ӯро баъди суханронии ман ҳамагон дар ҷояш шинониданд. Ман ба забони русӣ гуфтам, ки « В чужой монастир со своим уставом не идёш». Дар инҷо чанд ҳизби сиёсӣ ҳаст ва дар ҳаминҷо ширкат кунед ва амбисияҳои сиёсии худро дар ҳаминҷо ҳал кунед. Агар дар Тоҷикистон мехоҳед, марҳамат, равед ба Тоҷикистон. Ва Тоҷикистон имрӯз соҳиби сарқонуне ҳаст, ки ба ҳама имконият медиҳад ва шумо ҳама равед, созмон ташкил диҳед, ҳизб созед аз қайди давлатӣ гузаред ва онҷо мубориза баред. Бо ин рафтори худ бо номи муҳоҷирони тоҷик паноҳ бурда миёни Русияи абарқудрат ва Тоҷикистон рахна наандозед.
Ва дар охир ман даъват карда гуфтам, ки дар ҳар як вилоят созмонҳои алоҳидаи тоҷикон фаъъолият мекунанд, беҳтар нест, ки як ташкилоти умумирусиягии тоҷиконро ташкил кунем, ки вай битавонад ҳангоми зарурат ба тамоми мақомоти Русия, аз ҷумла ба додгоҳ, ба додгоҳи Аврупо, муроҷиат кунад барои ҳимояти ҳуқуқи мардуми Тоҷикистон. Се моҳ барои ман зарур шуд, ки бо ҳамаи роҳбарони ҳамаи манотиқи Русия вохӯрда, манзурам тоҷикистониҳои Русия аст, вохӯрда ва ё телефонӣ суҳбат карда, гӯям, ки созмони тоҷикистониҳо таъсис бидиҳем ва ба қадри ҳама бирасем. Барои ин кор се моҳ даркор буд. Мо гуфтем, ки Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия номаш ниҳем, ки ин андеша аз ҷониби ин кишвар ҳам, мақомоти расмии ин кишвар ҳам ва аз ҷониби бисёриҳо дастгирӣ ёфт.
Ва ҳамин кор шуд. Аммо баъзе созмонҳои тоҷикон, манфиатдорҳо, манфиатҷуҳо ба ҳукумати Русия номаи шикоят навишита, моро миллатгарою тоҷикони шовинист муаррифӣ карданӣ шуданд ва онҳо тақозо карданд ва гуфтанд, ки мо дар асоси миллатгароӣ созмон ташкил додаем ва ҳукумати Русия бояд ба ин кор иҷозат надиҳад. Онҳо навиштаанд, ки ин кор обрӯи Русияро мерезонад. Аммо дар ҷавоби инҳо Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия ташкил ёфт ва ин кор маҳалгароӣ набуд. Ва як ҳафта баъди гузаштани Анҷуман ман аз номи вазири хориҷаи Русия мактуби табрикотӣ гирифтам, ки онҳо ин иқдомро дастгирӣ мекунанд ва 17-уми январи соли равон аз ҷониби мақомоти адлияи Русия ин созмон сабти ном шуд.
Мақсади мо аз ташкили ин созмон ин буд, ки як ташкилоте дар Русияи кабир бошад, ки манофеъи ҳамаи тоҷикистониҳои муқимӣ ва ё мавсимиро тавонад ҳимоят кунад, на инки ҳар кадоме ҷудо-ҷудо бошанду мусибати худро худ ва дар танҳоӣ ва бо азобу азият ҳал кунанд. Ман хаёл мекунам, ки ин кор аз дастовардҳои беҳтарини муҳоҷирини тоҷик дар Русия аст. Ман дар онҷо, агарчи мегӯянд, ки Достиев кард, сафорат кард, ба ҳайси меҳмони фахрӣ ширкат кардам ва ҳатто дар раёсат вақте интихоб мекарданд, ман илтимос кардам ва гуфтам, ки ман ҳақ надорам, ман шаҳрванди Тоҷикистонам ва муносибате бо ин надорам, аммо баъде гуфтанд, ки на ҳамчун одами расмӣ, балки ҳамчун шахси ифтихорӣ дар паҳлуи мо бошед, баъди ҳамин ман рафта дар раёсат нишастам.
Аз ин бояд ҳамаамон ифтихор кунем ва, қатъи назар аз он, ки имрӯз сафир кӣ аст, президенти кишвар кӣ аст, кадом манфиатҷӯ дорем, дар инҷо одами манфиатдор дорем, бояд ифтихор кунем. Зеро ин созмон ба мушкилоти ҳамаи тоҷикистониҳои Русия расидагӣ хоҳад кард.
– Як масъалаи доғи дигар аз муҳоҷирати корӣ овардани аҷсод ва ё тобути пайвандон ба ватан аст. Оё сафорат барои интиқоли тобутҳои муҳоҷирини кории тоҷик чи корҳоеро метавонад анҷом диҳад ва дар ин самт оё барои муҳоҷирин кумак кардааст?
– Вақте, ки дар назди сафорат омада бо оби чашму бо мусибат мешинанду имконият ва маблағ барои гусели аҷсод надоранд, одам бетараф истода наметавонад ва чандин бор ин иттифоқ пеш омадааст, ки ман аз ҳисоби моҳонаи кормандони сафорат аҷсод, аз ҷумла 5 ҷасадро, ба ватан фиристодам. Ман дар моҳи март шунидам аз баъзе роҳбарони идороти нақлиёт, ки мегуфтанд шумо «Бори 200»-ро бепул кардеду мо аз ин зарар мебинем.
Вақте бо президенти кишвар вохӯрӣ доштем ва дар бораи ин масъала бо он кас суҳбат кардам, гуфтанд, ки ман ҳеҷ вақт ба ин роҳ намедиҳам, ки мардуми мо дар берун аз қаламрави Тоҷикистон хору зор бошанд, ман супориш медиҳам ин кор ҳалл мешавад ва аз 5-уми март ба ин тараф масъулони васоили нақлияи Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки тобутҳоро бепул ба ватан интиқол диҳанд ва ин кор ҳалл шудааст.
– То ҷое медонем, чанд рӯзи қабл гурӯҳе аз бадахшониҳои Русия дар назди сафорат ҷамъ омаданд ва шумо бо онҳо суҳбате ҳам доштед?
Он одамоне, ки вақти вохӯрӣ, дар аввал, бисёр фаъъол буданду бисёр норозигӣ карданд, имрӯз ҳамаи онҳо (рӯзи 29-уми июн дар назар аст) соат 9 нашуда дар сафорат буданд ва онҳоро ман боз қабул кардам. Ва онҳо аз он норозигӣ карданд, ки баъди вохӯрии чорсоатаи мо дар сайтҳои худ баъзеҳо, мебахшед, ман бисёр эҳтиром дорам радиои Озодиро аз номи кадом як Мирзоеви пешвои бадахшониҳо, ки гӯиё дар толор бошад, навиштаанд, ки Достиев баъди мулоқот ба онҳо ҳамдардӣ эълон карду гуфт, ки аз воқеаҳои Бадахшон хабар надорад.
Ва имрӯз ҳамин ҳарфҳо онҳоро маҷбур кардааст ва водор кардааст, назди ман оянд. Онҳо гуфтанд, ки матолиби сайтҳоро хонда бисёр ҳайрон шудаанд, бисёр хафа шуданд. Онҳо гуфтанд, вақте мо ҳамроҳи шумо суҳбат кардем, шумо аз сиёсати имрӯзаи давлат ва аз он корҳо, аз ҷумла аз вуруди нерӯҳо ба Бадахшон аз чорабиниҳои ҳукумат дар Кӯлобу дар дигар ҷойҳо пуштибонӣ кардед, дар аввал ба мо сахт расид. Аммо баъди фаҳмонида додани Шумо, ки шукр имрӯз ҳукумати мо қодир шудааст, ки сарҳадотамонро мустаҳкам кунад, ҷинояткороне, ки дирӯз худро қаҳрамон эълон мекарданд, имрӯз ба ҷавобгарӣ кашад гуфта, суҳбат мекардед, дар аввал моро сахт расид, лекин баъди фаҳмонидани Шумо дар охир аз шумо бахшиш пурсидем ва раҳмат гуфтем бо ҳамин аз назди шумо баромадем.
Мо баромада рафтем ва бо ҳамин аз пушти кори худ шудем. Аммо, гуфтанд онҳо, агар шумо мехоҳед дар кадом намуд ва дар кадом ҳолат ба онҳо ҷавоб мегӯем, ки як бор бадахшониҳоро нодуруст истифода бурдед бас аст, басанда аст. Агарчи ман имрӯз ба маросими таҷлил аз 1020-солагии қабули масеҳият дар Русия аз тарафи Алексеи 2 даъват шуда будам, бо ин фарзандони тоҷик суҳбати тӯлонӣ доштам ва аз ин даъват каме ҳам дер карда бошам ҳам, ба онҳо бори дигар муфассал фаҳмонидам.
Лекин рӯзи аввал вақте ба назди ман омаданд, ман ба онҳо гуфтам, ки сафирро вазифааш ҳамин, ки фикри дар он кишвар бударо ба раҳбарони ҳукумати худаш расонад. Аммо бо назардошти он, ки ман аз шумо як курта пеш пӯшидаам ва аз сиёсати Тоҷикистон бохабарам ва аз он нотинҷиҳои Тоҷикистон аз ҳама беш мумкин ман зарар дидаам, ман шуморо мефаҳмонам гуфта, он рӯз бо онҳо 4 соат суҳбат кардам.
Имрӯз боз ба онҳо ташаккур гуфтам, ки аз иғвову дасисаҳо баъзе манфиатҷуҳо маро огаҳ кардан омадаанд. Ва ташаккур ба онҳо, ки инсонгариву хиради аҷдодии моро ҳеҷ вақт гум накардаанду гум ҳам намешавад.
– Моҳи август сафари расмии Дмитрий Медведев, президенти Русия, ба Тоҷикистон дар назар дошта шудааст. Аз ҳоло омодагиҳо барои баргузории ин сафар ҷараён дорад, ки, албатта, шумо огоҳ ҳастед. Оё мешавад гуфт, ки кадом масоъил дар ин сафар матраҳ хоҳад шуд?
Шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатиамон бояд кард, ки моҳи август саммити сарони ШОС, Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, дар Душанбе баргузор мегардад. Ва соли гузашта ҳам ёдатон бошад Душанбе якбора мизбонии се саммити бузургро бар уҳда дошт,ки ба дараҷаи олӣ ба анҷом расид.
Дар арафа ва анҷоми нишасти ШОС роҳбари ду кишвари бузурги узви ин созмон Русия ва Чин хоҳиши онро кардаанд, ки ҳамзамон сафари расмиашон ба Тоҷикистон дар ин фосила ташкил дода шавад. Мумкин он қӯшунҳое, ки барои ҳифозати марзҳо ба бадахшон интиқол дода шуданд, бар изофаи ҷилавгирӣ аз вуруди маводи мухаддир, ки бар туфайли он моро кишвари тронзити маводи мухаддир муаррифӣ мекунанду аз ин боз душманони миллати мо истифода мебаранд, як ҳадафи дигарашон таъмини амнияти ҳамин нишаст бошад.
Дар арафаи ин нишаст аз ҷумла сафари расмии пешвои Ҷумҳури мардумии Чин Ҳу Дзинтау пеш аз ин маҷлис ва баъди баргузори ин нишаст сафари расмии раиси ҷумҳури Русияи кабир Димитрий Медведев дар назар дошта шудааст. Мақсад аз сафари оқои Медведев баррасии масъалаҳои дуҷониба байни ин ду кишвар ва баъзан муаммоҳое, ки ҳастанд. Ва ман боварӣ дорам, ки дар ин сафар ҳал мешаванд. Аз ҷумла иштироки фаъъоли Русия дар ҳалли проблеммаҳои энергетикии мо, дар ҳалли масъалаҳои иқтисодии кишвари мо матраҳ хоҳад шуд.
Тоҷикистон ба ягон кишвари дунё, аз нигоҳи ман, аз рӯи фаҳмиши ман ва аз рӯи фаҳмиши ҳамаи тоҷикистониҳо, сарборӣ нест, муфтхӯр нест. Фақат бояд ҳамкориҳо дар асоси манофеъи тарафайн, на ба маънои ройгон ва ё худоӣ сурат бигирад.
– Чанд рӯзи пеш дар Маскав нишасти матбуъотии Додоҷони Атовулло, раиси созмони номнависнашудаи «Ватандор», доир шуд, ки дар он оқои Атовулло аз он суҳбат кард, ки ҳукумат дар пешбурди рӯзгори мардум иқдомоти муассир надоштааст ва бояд истеъфо диҳад. Назари шумо дар ин бора чист?
– Ман хаёл мекунам, ки ҳамаи ватандорон имрӯз дар ватани худ астанд. Ва ҳар одаме, тоҷикистонӣ ё тоҷик, ки сарсупори миллату ватани худу кишвари худ имрӯз дар ба амри таърих берун аз кишвар аст, фақат ба манфиъати он сарзамин, он кишвар ва он хоку бум, кӯшиш мекунад. Барои ҳамин бояд суханамон ба манфиати он мардум бошад, на ба манфиати чанд зархарид. На ба манфиати онҳое, ки баъзеҳо лаҷомаш дар дасти онҳосту ҳар вақте дар кишварамон ягон беҳбудӣ шавад, боз ягон қуввае онҳоро маблағгузорӣ карда омада барои нотинҷии кишвари мо чизҳое бигӯянд. Ман дидам диски ин нишасти матбуотиро, ки ба ман оварданд. Дидам, ки дар охири он Додоҷон ба русӣ мегӯяд, ки ман изҳорот дорам ба сафири Тоҷикистон: Фалон мухбир супориши туро дуруст иҷро кард. Ин кор гонорари зиёдеро мехоҳад, арзиш дорад гапҳояш. Аз ин боз як бори дигар ошуфта шудам, ки то чи андоза одамҳо тангназар ҳастанд. Якум ин, ки он одаме, ки ба ӯ савол додаву ғамаш додааст, ман якум бор мебинам дар онҷо, дар ҳамон нишасти матбуотӣ дуюм барои ҳама савол: оё Виктория Панфиловаро касе аз раҳ зада метавонад, ки 1 ҳафта қабл дар «Независимя газета» Тоҷикистони моро то чи андоза зери тозиёнаи танқид гирифта буд, ва ӯ дар онҷо ба ҳардуи онҳо муроҷиат карда мегӯяд, ки дигар ман ба саволҳои инҳо ҷавоб намедиҳам ва Достиев осудаҳол шавад, ки инҳо тавонистанд нишасти матбуъотии маро вайрон кунанд. Хоҳиш мекунам, худ ба ин ҳамчун аҳли қалам баҳо диҳед.
– Чизе дигар ин аст, ҷаноби оқои сафир, бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, президент Эмомалӣ Раҳмон Абдумаҷид Достиевро ҳамеша ба сангарҳои доғ мефиристад. Масалан, замоне, ки дар музокироти миёни тоҷикон мушкил пеш омад, ӯро фиристод, баъдан масъулияти таъсиси Ҳизби халқӣ демократиро низ маҳз ӯ ба уҳда дошт ва низ масъули ислоҳоти қонуни асосӣ ва ниҳоят муовин дар КОМ буд, ки раёсати онро намояндаи мухолифин бар уҳда дошт, ва, ниҳоят, сафир дар Русия, дар ҳоле, ки равобит бо ин кишвар хуб нест, оё ин нишонаи бовару эътимод ба шумо аст ва ё ҳамеша дар канор ниҳодани Шумо?
– Агар гуфтаи таҳлилгарон дуруст бошаду дар вақтҳои доғу дар вақтҳои душворӣ ҷаноби Раҳмон маро истифода бурда бошанд, ва бо дарназардошти он, ки ман, хаёл мекунам, мудом манфоеъи умумимилливу давлати миллӣ доштани Тоҷикистон мақсади асосии Раҳмон аст, ин барои ман боиси ифтихор аст, ки президент маро дар ҳаминҷоҳо истифода бурдаст. Дуюм водии Вахш, ки ман дар онҷо ба дунё омадаму тарбия ёфтам, дар ҳама давру замон соҳиби бузургоне буданд, ки ман солҳои ба воя расиданам орзу мекардам, ки шогирди онҳо бошам ва ба онҳо дастобрез бошам.
Вақте дар сессияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби Хуҷанд аз байни ҳамин хел бузургони водии Вахш, ман маҳалро дар назар надорам, маҳалли таваллуди падару модарошонро, зеро ман як хел фарзандонеро эҳтиром доштам, ки аз он минтақае, ки падару бобои ман ҳаст, аз онҷо набуданд, аз байни ҳамин хел мардони бузург маро дар паҳлуяшон гирифтанд ва имконият доданд, ки ман кору фаъъолият намоям ва дар бисёр ҳолатҳо, вақте ки тамоми манфиатҷӯҳои кабинетнишини ҳукумати мо, ки аз кабинетҳояшон, аз утоқи кориашон намебаромаданду баъд шайтонӣ мекарданду хабаркашиву ину он мекарданд, дар бисёр ҳолатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маро дастгирӣ мекарданд, ки аз ҷумла баъди даври гуфтушуниди тоҷикон дар Теҳронро дар назар дорам, дастгирӣ мекарданд ва имрӯз, ки чанд кас маро салом медиҳанду эҳтиром мекунанд ман боварӣ дорам, ки ин ҳам хидматҳои Раҳмон аст.
– Ва саволи охирин: ҷаноби сафир, оё сафорат барои осон кардани вазъи кору зиндагии муҳоҷириони кории тоҷик барои вазъи ҳуқуқии онҳо кадом нақшае дорад?
– Дар моддаи 16-уми Қонуни асосии Тоҷикистон навишта шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон берун аз кишвар низ зери ҳимояти давлат аст ва мо аз рӯи ҳамин меъёр, ки дар санади асосии давлати мо таъкид шудааст, кору фаъъолият ва муносибат мекунем. Ва мо на танҳо сафорати Тоҷикистон дар Русия, дигар сафоратҳоро низ ҳамин меъёри Қонуни асосӣ вазифадор мекунад, ки аз рӯи он амал кунем. Ман боварӣ дорам ҳама сафоратҳои мо маҳз аз рӯи ҳамин усул кор мекунанд.
Ба ҷуз аз он корҳое, ки ҳамарӯза анҷом медиҳему анҷом доданӣ ҳастем аз ҷумла консулгариҳоро дар шаҳрҳое, ки ҳамватанони мо шумори бештар доранд, ташкил кардем, ҳамчунин муоинаи ройгони тиббӣ барои тоҷикон дар ин шаҳрҳо ташкил дода шуд, ки дар шумори кормандони онҳо доктору номзади илму досентҳо ҳам аз тоҷикон ва ҳам аз Русия кор мекунанд, аз ҷумла онҳо рӯзҳои шанбеву якшанбе ҳамватанони моро дар бозори Черкиз муоина мекунанд, ройгон ва бепул ва ин кор идома меёбад, то сатҳи олии ҳукумати Русия бо дастгирии президенти Тоҷикистон муроҷиат мекунанд ва мо то дарҷае ҳам бошад бар мушкилоти мардуми муҳоҷир расидагӣ хоҳем кард.
Лекин, мутаассифона, баъзе гапҳое ҳаст, ки мегӯянд ҳуқуқи инсон, муҳофизати ҳуқуқҳои инсон бояд марз надошта бошад ва ин орзуи ширини муҳофизони ҳуқуқи инсон аст. Аммо на дар ҳама кишварҳо, аз ҷумла дар Русия ҳам, ин тавр нест ва инҷо низ қонунҳое ҳаст, ки баъзан бартариро ба шаҳрвандони худаш медиҳад, баъзе маҳдудиятҳо ба шаҳрвандоне, ки аз дигар кишварҳо меояд, медиҳад. Худо хоҳад, ин чизҳо оҳиста-оҳиста бартараф мешавад.
Зеро дар чанд соли ахир ҳам роҳбари кишвар ҳам роҳбарони ҳарду палатаи Маҷлиси олӣ, намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ, роҳбарони вазоратҳо, ки бо ҳамтоёни худ дар Русия дидору мулоқот мекунанд, суҳбатро аз сарнавишти муҳоҷирони кории мо оғоз карда ва бо ҳамон ҷамъбаст мекунанд ва ман итминон дорам, ки дар ин замина мо дар ҳарду кишвар ба пешравиҳо ноил хоҳем шуд.
XS
SM
MD
LG