Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш: дипломатия - ҳалли мушкили Эрон


Раисиҷумҳури ИМА дипломатияро интихоби боавлавияти ҳалли мушкили барномаи ҳастаии Эрон меҳисобад.

Бо вуҷуди ин, афзуд Буш, эҳтимоли истифода аз дигар имконотро аз рӯи миз бардошта намешавад.

Сарвари Амрико ҳадс мезанад, ки барномаи ҳастаии Эрон кӯшишест барои даст ёфтан ба тавлиди силоҳи ҳастаӣ: “Ман борҳо гуфтаам, ки ҳама гузинаҳо рӯи миз қарор дорад, аммо гузинаи аввал барои Амрико ҳалли ин мушкил аз роҳи дипломатӣ мебошад. Ман инчунин ошкор гуфтаам, ки бидуни ҳузури ҷонибҳои дигар дар сари мизи музокирот шумо роҳи ҳалли дипломатиро пайдо нахоҳед кард. Бо ин сабаб мо хоҳони дипломатияи бисёрҷонибаем ва кӯшиш мекунем, то Теҳрон дарк бикунад, ки тамоми ҷаҳони озод аз вай мунтазир аст тазмин диҳад он кишвар фанноварии зарур барои тавлиди силоҳи ҳастаиро надорад”.
Суханони Буш дар остонаи нишасти сарони 8 кишвари пешрафтаи ҷаҳон дар Жопун, ки қарор аст ҳафтаи оянда доир гардад, садо доданд. Чанд рӯз пештар гузоришҳое нашр шуданд, ки гӯиё Исроил нақша дорад ба таъсисоти ҳастаии Эрон зарба занад. Дар пайи ин гузоришҳо нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ ба сатҳи рекордӣ расид ва мақомоти Амрико маҷбур шуданд, ки ин гузоришҳоро мавриди интиқод қарор диҳанд.
Дар ҳоли ҳозир фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиши Амрико адмирал Майк Муллен дирӯз гуфт, ҳамлаи Исроил ба таъсисоти ҳастаии Эрон амали бисёр хатарнок хоҳад буд ва метавонад тамоми Ховари миёнаро бесубот гардонад.
Манучеҳри Муттакӣ, вазири хориҷаи Эрон
Дар ҳамин ҳол, ҳарчанд СММ се маротиба алайҳи Эрон таҳримҳои иқтисодӣ эъмол кард, Теҳрон аз муттавақиф кардани ғанисозии ураниум саркашӣ карда, иддаъо мекунад, ки ҳадафи барномаҳои атомиаш танҳо тавлиди нерӯи барқ аст. Қудратҳои ғарбӣ моҳи гузашта як қатор имтиёзҳои иқтисодӣ ва дипломатиро ба Эрон пешкаш намуданд, то Теҳронро мойил ба муттавақиф кардани ғанисозии ураниум намоянд. Вазири корҳои хориҷаи Эрон Манучеҳри Муттакӣ дирӯз изҳор кард, ки Теҳрон пешниҳодҳои нави 5 аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ ва Олмонро марвиди баррасӣ қарор хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG