Пайвандҳои дастрасӣ

Буш аз стратегияи Афғонистон ҳимоят кард


Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш имрӯз эътироф кард, ки моҳи гузашта барои нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон як моҳи сахт буд. Моҳи июн ҷангиён нирӯҳои бештари амрикоиву НАТОро дар Афғонистон ба ҳалокат расониданд. Зимни суханрониаш дар Кохи Сафед вай гуфт, ки Амрико ҷангро дар хоки душман шурӯъ кардааст. Вай гуфт, ки ин як моҳи сахт барои сарбозони амрикойӣ буд, аммо барои Толибон ҳам ин муддат чандон осон нагузаштааст. Вай гуфт, сабаби ҳалокатҳои зиёд дар миёни сарбозон ин аст, ки онҳо бо як душмани сахт дар хоки он меҷанганд ва Толибон аз ҳузури онҳо дар ин кишвар розӣ нестанд. "Амрико ба идеологияе фишор меорад, ки ба онҳо қобили қабул нест, аз ҳамин хотир ҳам онҳо муқовимат мекунанд", гуфт Буш. Аммо вай афзуд, ки мутмаин аст, стратегияи ҷангии онҳо коромад мебошад.
XS
SM
MD
LG