Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш: "Дипломатия гузинаи нахустин барои Эрон аст"


Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш имрӯз мукарраран гуфт, ки барои муқобила бо бӯҳрони ҳастаии Эрон ҳама имкониятҳо рӯи даст аст. Зимни суханрониаш дар як нишасти матбуотӣ дар Кохи Сафед вай гуфт, ки интихоби аввалияи ӯ барои ҳалли бӯҳрони мазкур роҳҳалли дипломатӣ будааст. Вай гуфт:

"Ман ҳамеша гуфтаам, ки ҳама гузинаҳо рӯи миз аст, аммо талоши аввалини ИМА барои ҳалли дипломатии ин масъала равона хоҳад шуд. Ман инчунин мушаххасан гуфтам, ки шумо ин масъаларо бидуни ширкати ҷонибҳои дигар бо роҳи дипломатӣ ҳал карда наметавонед. Аз ҳамин хотир ҳам мо ба дипломатияи бисёрҷониба исрор меварзем, то ки эрониҳоро мутақоид созем, ки ҷаҳони озод сидқан мехоҳад пофишорӣ кунад, ки онҳо дорои фанновариҳои зарурӣ барои рушди аслиҳаи ҳастаӣ нестанд".

Ин дар ҳолест, ки имрӯз дар Мадриди Испания вазири нафти Эрон Ғуломҳусайни Нозарӣ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки дар сурати ҳамла ба кишвараш давлати вай посухи шадид ва ғайри қобили тасаввур хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG