Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё ҷилавгирӣ аз афзоиши қиматҳо мумкин буд?


Шурӯъ аз соли 2006 қимати нафт дар бозорҳо ду баробар ва нархи маводи аслии ғизоӣ - биринҷ ва гандум ба таври қобили мулоҳиза боло рафтааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, дар сурате, ки қимматҳо ба таври тадриҷӣ боло мерафт, барои кишварҳои нодор пайдо кардани роҳҳале барои муқобила бо қиматҳои афзоянда шояд чандон душвор набуд. Аммо вақте нархҳо мисли охири соли гузашта баякбор ва ба таври фоҷеъавӣ афзоиш меёбад, ҳоли баъзе кишварҳо воқеан ҳам хароб мешавад. Ба ин назар Доминик Штраусс-Канн раҳбари Сандуқи Байнал милалии Пул мувофиқ аст. Вай мегӯяд: "Агар қимати ғизо боло рафта, нархи нафт дар сатҳи пешина боқӣ монад, баъзе кишварҳо тавони сер кардани мардум ва истиқрори суботро дар иқтисоди давлатҳои худ нахоҳанд дошт".

Оқои Штраусс-Канн ахиран гузориши нахустини худро роҷеъ ба таъсири қиматҳои афзоянда ба зиндагии мардуми кишварҳои дар ҳоли рушд муаррифӣ кард. Вай ба хотири муқобила бо ин мушкилот ба ҳамкориҳои бештару фаротар даъват карда аз кишварҳои сарватманд тақозо кардааст, ки ба кӯмаки давлатҳои ниёзманд шитобанд: "Масъала дар пайдо кардани мувозинате дар миёни ду хатар мебошад. Хатари аввалро шаҳрвандони нодортарин ташкил медиҳанд, ки дар баробари вазъият хеле ҳассостар назар ба дигарҳо мебошанд. Ва хатари дигар аз иқтисод бармеояд, ки банақшагирии хароҷоти асъори хориҷиро аз ҳисоби печу тобҳои мизони таваррум дар назар мегирад. Ва ин чолиши хеле сахт барои аксар кишварҳо аст ва аз ҳамин хотир ҳам мо бояд ба онҳо кӯмак кунем".

Ин дар ҳолест, ки лаҳни ҳушдори президенти Бонки Ҷаҳонӣ Роберт Золлик боз ҳам шадидтар назар ба раҳбари Сандуқи Байналмилалии Пул буд. Дар матлабе, ки дар нашрияи The New York Times ба чоп расид, Золлик гуфтааст, ки болоравии қимати нафту ғизо зиндагиву тавонмандиҳои миллионҳо одамонро шикастааст. Вай вазъи баамаломадаро на чун як мусибати табиӣ, балки чун як фоҷеае, ки бо дасти инсонҳо ба амал меояд, арзёбӣ кардааст. Оқои Золлик бо ин нома ба раҳбарони ҳашт кишвари санъатии ҷаҳон муроҷиат кардааст, ки дар Ҷопон қарор аст рӯзҳои 7-9 июл ташкили ҷаласа кунанд. Вай даъват кардааст, ки барои коҳиши шиддат дар андешаи ироаи кӯмакҳои нав шаванд. Аз нигоҳи вай, барои беҳбуд бахшидани вазъ бояд ба риштаи кишоварзӣ сармояҳои бештар ворид шуда, маҳдудиятҳо дар содироти ғизо, ки аз ҷониби беш аз 20 давлат ҷорӣ шудааст, бардошта шавад.

Аммо ҳоло, нигарониҳо аз ояндаи норӯшану таҳдидҳо аз болоравии ғизоро мешавад дар чашми аксар хонаводаҳои нодор, аз ҷумла дар Тоҷикистон дид. Манижа Исматова, як омӯзгори 32-сола ва модари се фарзанд аст. Ҳамсари вай бекор аст ва мушкилоти рӯзгор нақши онҳоро дар оила иваз карда шавҳарашро ба мураббии фарзандон дар хона ва Манижаро ба танҳо таъминкунандаи рӯзгор табдил додааст. Вай мегӯяд: "Ман 180 сомонӣ маош мегирам. Як кило равғани растанӣ 8-9 сомонӣ шудааст. Баъзе моҳҳо мо аслан гӯшт харида наметавонем. Илова ба ин, ҳар моҳ бояд иҷорапулӣ супорем ба қимати 50 доллар. Нон ҳамеша ҳаст, мо орд мехарем ва мепазем, назар ба нархи бозор арзонтар мешавад. Субҳ кӯдакҳо фақат нону чои ширин мехӯранд, тамом. Баъзе вақт агар ягон кас ёрдам кунад, ягон чизи ширӣ мехӯрем. Пешин агар авқот пазем, аслан дар як рӯз як бор мепазем. Бегоҳ ҳам ҳамонро мехӯрем. Мастоба ё макарон пухта мехӯрем".

Аз ҳамин хотир, Манижа мегӯяд, ки бо нигарониву ҳайрат ба ояндаи хонаводааш чашм дӯхтааст, ки оё дар зимистони шадиди оянда ва дар шароити болоравии сартосарии қимати ғизо чӣ мекарда бошад: "Лекин оянда мо ҳайронем, ки чӣ мекунем. Агар гӯянд, ки ин вазъ як моҳ-ду моҳ ё як сол давом мекунаду тамом, хайр, тоқат кардан мумкин аст. Лекин оянда мегӯянд, ки боз аз ин ҳам бадтар мешавад, зимистони сахт ҳам меояд, мегӯянд... Намедонам, чӣ мекунем".

Дар ҳоле, ки ҳукуматҳои кишварҳои мисли Тоҷикистон барои муқобила бо афзоиши қиматҳо таъхир мекунанд, чанд ҳизби сиёсӣ дар шимоли кишвар дидгоҳҳои худро дар ин замина ироа кардаанд. Хабаргузории Central Asian News дар матлабе рӯзи чоршанбе аз қавли ҳизби демократ, ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, аҳзоби коммунисту сотсиалист навиштааст, ки яке аз роҳҳои асосии коҳиши нархҳои маводи ғизо поин бурдани мизони молиёти ғизои ба Тоҷикистон воридшаванда буда инчунин ҷилавгирӣ аз камбуди ғизо дар бозорҳо мебошад.

Ҷумъабой Ниёзов, муоини раиси Ҳизби демократи ҷиноҳи Искандаров гуфтааст, ки дар Тоҷикистон дар шароити имрӯза бозорҳои маҳсулоти хӯрокӣ аз ҷониби гурӯҳҳову кланҳои алоҳида назорат мешаванд, ки онҳо аз рӯи хости худ нархҳоро идора мекунанд. Рӯзҳои наздик намояндаҳои ҳизбҳои сиёсии мухолифин дар шимоли Тоҷикистон бояд бо тарҳи пешниҳодии худ барои коҳиши қиматҳо ба ҳукумати кишвар муроҷиат кунанд.

XS
SM
MD
LG