Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як нашрияи амрикоӣ менависад, Покистон ҳаққи ҳамла ба Усома Бин Лоденро ба Вашингтон бидуни миуталеъсозии Исломобод додаст.

Нашрияи амрикоии The Washington Times менависад, ки Покистон ба Вашингтон ҳақ додааст, ки дар сурати ошкор шудани маҳалли буду боши Усома Бин Лоден дар манотиқи қабиланишини Покистон бидуни огоҳонии Исломобод метавонад ӯро ҳадаф қарор диҳад. Нашрияи The Washington Times мегӯяд, ки раиси ҷумҳурии Покистон Парвиз Мушарраф чунин ҳақи истисноиро бидуни ҳеҷ гуна маҳдудият ба барномаҳои зиддитеррористии ИМА ҳанӯз дар оғози ҷанги зидди Ал-Қоида дар Афғонистон соли 2001 дода буд. Нашрияи мазкур бо овардани ин хабар аммо манбаи онро пинҳон доштааст. Исломобод ба ҷуз ҳузури чанд корманди Маркази истихбороти Амрико ва дигар низомиён дар хоки худ, аммо истиқрори нируҳои амрикоиро дар хоки Покистон иҷоза намедиҳад.

XS
SM
MD
LG