Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хайруллоев: "Хатари аслӣ маводи мухаддир аст"


Қочоқи маводи мухаддири Афғонистон муҳимтарин хатар ба марзҳои ҷанубии кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ мебошад, гуфт вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар нишасти матбуотии вазоратҳои мудофеаи кишварҳои ҷомеаи Ҳамсуд дар Бишкек. Вай гуфт:

"Мо бо Афғонистон 1400 км марзи муштарак дорем ва хатари муҳимтарин дар ин ҷо маводи мухаддир аст. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ миқдори маводи мухаддири боздоштшуда 40 % афзоиш ёфт. Ин танҳо миқдори нашъаест, ки ошкор ва забт шудааст, вале мо намедонем, ки чӣ миқдори дигар боздоштношуда боқӣ мемонад. Баъди истиқрори нирӯҳои эътилофӣ дар Афғонистон, дар пайи фирори Толибон, тавлиди маводи мухаддир дар ин кишвар коҳиш наёфта баръакс, афзоиш пайдо кард".

Оқои Хайруллоев афзуд, ки дар айни замон бар марзҳои ҷанубии кишварҳои ҷомеаи Ҳамсуд бо Афғонистон ҳеҷ хатари низомӣ таҳдид намекунад.
XS
SM
MD
LG