Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарси маҳорати мутахассиси қазоқ


Ҳамид Бараев (дар байн аз чап) ҳангоми конфронси хабарӣ дар Душанбешаҳр
Ҳамид Бараев (дар байн аз чап) ҳангоми конфронси хабарӣ дар Душанбешаҳр

Бо даъвати Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон яке аз мутахассисони варзидаи бокс Ҳамид Бараев, мураббии маъруфи Қазоқистон, ба Душанбе омад.

Ҳ. Бараев ба муштзанҳои тоҷик ва мураббиёнашон барои омодагии ҳамаҷониба ба Олимпиадаи Пекин кумак хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол 13 варзишгари Тоҷикистон дар 6 навъи варзиш ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Пекин мушарраф шудаанд. Аз ҷумла, шарафи Тоҷикистонро дар 29-умин давраи ин Бозиҳо се нафар муштзанҳо – Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 81 кг, Анвар Юнусов дар вазни то 51 кг ва Шералӣ Достиев дар вазни то 48 кг – ҳимоя хоҳанд кард.
Оқои Бараев ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни омодагии муштзанҳои тоҷик ба Бозиҳои олимпӣ мо бештар ба ҷиҳатҳои тактикиву техникӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунем. Бо ин мақсад мо якҷоя наворҳои қувваозмоиҳои муштзанҳои тоҷикро дар мусобиқоти байнулмилалӣ тамошо карда, барои рафъи хатоҳояшон ва омӯзиши ҷонибҳои сахту сусти рақибонашон маслиҳат медиҳем.
Ҳ. Бараев афзуд: «Барои омода кардани қаҳрамонҳои Осиё, ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ дар Тоҷикистон бунёди урдугоҳи махсус зарур аст. Зеро мавҷудияти чунин шароити хуби иқлимӣ , ба мисли миёнакӯҳӣ ва баландкӯҳӣ, дар ин ҷо зарурати сохтмони урдугоҳро барои омода кардани захоири ҷавон пеш меорад. Ба фикри ман ҳоло дар Тоҷикистон ба омодагии варзишгарон ба Бозиҳои олимпӣ муносибати берабт сурат мегирад. Ва дар мавриди бунёди маркази олимпӣ муштзанҳои тоҷик имкон пайдо мекунанд, ки минбаъд дар давоми чаҳор сол ба Бозиҳои олимпӣ ҳамаҷониба омода шуда, ба натоиҷи баланд ноил гарданд. Ба мисли муштзанҳои Қазоқистон, ки дар се Олимпиадаи ахир, пайваста соҳиби медалҳо мешаванд».
Ба гуфтаи Ҳамид Бараев, муштзанҳои Қазоқистон ба мисли намояндагони Русия соҳиби 10 роҳхат ба Олимпиадаи Пекин гардидаанд. Умуман муштзанҳои Куба аз ҳама бештар – 11 роҳхат ба даст овардаанд. Инчунин аз кишварҳои Осиёи Марказӣ 7 нафар муштзанҳои Узбакистон ва якнафарӣ аз Қирғизистону Туркманистон соҳиби роҳхатҳои олимпӣ гардидаанд.
XS
SM
MD
LG