Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати СММ аз Чин


Дабири кулли СММ Бан Ки Мун имрӯз аз раҳбарони чинойӣ даъват кард, ки дар умури байналмилалӣ нақши бештар бозӣ кунанд. Дар як хабари оҷонсии расмӣ инчунин дар нақли қавл аз оқои Бан гуфта мешавад, ки СММ аз Чин ҳамкориҳои бештарро интизор дорад. Бан, ки дирӯз вориди Чин шуд, бояд имрӯз бо раиси ҷумҳурӣ Ҳу Ҷинтао ва нахуствазир Вен Ҷиябао мулоқот кунад. Дирӯз зимни суханрониаш дар Пекин Бан Ки Мун Чинро барои саҳми афзояндааш дар фаъолияти нирӯҳои посдори сулҳ ситоиш кард.
XS
SM
MD
LG