Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерали туркӣ ба оромӣ даъват кард


Баъди боздошти имрӯзаи ду генерали бознишаста бо эҳтимоли ширкат дар як кудато як генерали баландрутбаи туркӣ ба оромӣ даъват кард. Фармондеҳи нирӯҳои заминӣ генерал Илкер Басбург дуюмин генерали баландрутба дар артиши Туркия шинохта мешавад. Генералҳои бознишаста дирӯз дар гурӯҳи 21-нафараи боздоштшудаҳо бо эҳтимоли ташкили кудато зидди ҳукумати Эрдуғон аз ҷониби полис дастгир шуданд. Ҳукумати нахуствазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо иттиҳоми фаъолиятҳои ғайридунявӣ бо ҳадафи таъсиси як давлати исломӣ дар Туркия ба додгоҳ кашонда шудааст.
XS
SM
MD
LG