Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Хоруғ байни кумисюни ҳукуматӣ ва собиқ фармондеҳони нерӯҳои мухолифин дар минтақа ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Дар ин ёддошти тафоҳум омадааст, ки то ба ҳол зиёда аз 100 адад силоҳи оташфишон ва шумори зиёди тир ба таври худихтиёрӣ ба мақомоти дохила таслим шудааст. Тибқи ин санад марҳилаи ниҳоии халъи силоҳ 14 июл муқаррар шудааст. Зикр гардидааст, ки мақомоти дохила дар ҳамкорӣ бо собиқ намояндагони мухолифин то ин давра аз афроди мусаллаҳ силоҳи боқимондаро ҷамъоварӣхоҳад кард.

Дар санади мазкур ҳамчунин ҳар гуна дахолат ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ҷониби гурӯҳҳо маҳкум шудааст. Гуфта мешавад, ки мушкилоти ба амал амада байни ин сохторҳо ва шаҳрвандон бояд бар асоси муроҷиат ба сохторҳои болоӣ ва қонун ҳал шавад.

Тибқи ин ёддошт, ҳамчунин ҷойгиркунӣ ва ҷойивазкунии ҷузву томҳои қувваҳҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ваколати истисноии сарфармондеҳи нерӯҳҳои мусаллаҳ-президенти Тоҷикистон арзёби шуда, ҳар гуна дахолат ба ҷараёни он аз ҷониби гурӯҳҳо ва шаҳрвандони алоҳида амали зиддикоститусионӣ унвон шудааст.

Ҳамчунин баргузории ҳар гуна гирдиҳамоии бе иҷозати мақомоти дахлдор, ки метавонад тартиботи ҷамъиятиро халалдор мекунад, манъ эълон шудааст.

Аммо раиси бахши вилоятии Ҳизби сотсиал-демократ Алим Шерзамонов дар вокуниш ба як банди ин ёддошт дар мавриди манъи гирдиҳамоӣ онро кӯшиши маҳдуд сохтани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон арзёбӣ кард.

Вай изҳор дошт, ки амали ғайриқонунии ин ду тарафи имзонамудаи санад ба ташаннуҷи авзоъ дар минтақа сабаб мешавад. Ӯ гуфт, алҳол онҳо ба тавофуқ расиданд, аммо шаҳрвандон дар мавриди эҳсоси нигаронӣ аз амният ва ё поймолшавии ҳуқуқҳояшон дар оянда низ аз ҳуқуқи конститусионии озодии баён истифода хоҳанд намуд.

Собиқ фармондеҳони неруҳои мухолифин дар минтақа мегӯянд, ки бо дарёфти кафолати афв онҳо ба имзои ёддошт ризоият доданд.Толиб Аёмбеков, сардори шӯъбаи омодагии ҷангии қисми марзбонӣ дар Хоруғ, яке аз чаҳор нафари тарафи дигари имзонамудаи санад таъйид кард, ки вай расман ба ифои вазифа дар қисми марзбонӣ шурӯъ намудааст.

Ба гуфтаи ин манбаъҳо Мамадбоқир Мамадбоқиров ба ҳайси бознишастаи хадамоти марзбонӣ ба ҳаёти мулкӣ хоҳад баргашт.

Дар ҳамин ҳол, Имомназар Имомназаров таи пахши як баёния фаъолияти комиссияро дар эътидоли вазъ дар минтақа мусбат арзёбӣ намуда, аммо гуфтааст, мансабдорони сатҳҳои мухталиф ба мақсади ҳифзи курсӣ ва сӯистифода аз мансаб қонунро ба бозича табдил медиҳанд ва амали онҳо ба ташаннуҷи авзоъ дар манотиқи гуногу сабаб шудааст. Вай мақомотро ба ноогоҳӣ аз масоили оддитарини рӯзгор ва кӯшиши бо истифодаи зуроварӣ ҳал намудани мушкилот муттаҳам намудааст.

Ёдгоршо Мамадасламов, як тани дигар аз ин нафарон таи солҳои охир дар доираи лоиҳаи бозгашти собиқ размандагон ба ҳайти мулкӣ кӯмаки созмонҳои байналмилро дарёфт ва дар бунёди иншоотҳои хизматрасонӣ муваффақ шудааст.

Кумисюн бо имзои ин ёддошт марҳилаи авали фаъолияташ поён додаст. Намояндагони маҳаллаҳои шаҳр изҳор доштаанд, ки дар таъмини суббот бо мақомот кӯмак хоҳанд расонд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз нерӯҳои низомии воридшуда ба Бадахшон тавассути тайёра бозпас гардонда шуданд. Гумон меравад, ки ин гурӯҳи таъиноти махсуси вазорати дохила ва амният мебошанд, ки ихроҷшавиашон талаб шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки вуруди якбораи нерӯҳои низомӣ ба Бадахшшон ба дунболи як моҷаро байни додситони вилоят Рашид Гулматшоев ва Имомназар Имомназаров яке аз фармондехони собиқи аршади мухолифин дар минтака оғоз ва мунҷар ба гирдиҳамоӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG