Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати эътирозгарон дар Улан-Батор


Дар Улан-Батор, пойтахти Муғулистон бар асари бенизомиҳои шаби гузашта панҷ кас кушта ва беш аз сесад нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора вазорати адлияи кишвар хабар дод.

Бенизомиҳо дар шаҳр баъди он шурӯъ шуданд, ки Комиссиёни марказии интихобот ҳизби ҳукмрони Халқӣ-демократиро дар интихоботи порлумонӣ пирӯз эълон кард. Баъди ба оташ кашидани бинои ҳизби ҳукмрон аз сӯи ҷонибдорони аҳзоби мухолиф дар Улан-Батор вазъи изтирорӣ эълон шуд.

Намбарын Энхбаёр, раисиҷумҳури Муғулистон иқрор кард, ки дар интихобот тақаллуб ҷой дошт ва аз мардум даъват кард, ки аз хушунат даст кашанд ва суботу оромиро халалдор накунанд.

XS
SM
MD
LG