Пайвандҳои дастрасӣ

Чиҳил соли талош барои манъи силоҳи ҳастаӣ


Имрӯз аз замони имзои аҳдномаи байналмилалии манъи густариши силоҳи ҳастаӣ чиҳил соли расо гузашт. Раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш дар суханроние дар ин робита аз кишварҳои ҷаҳон даъват кард, то аз дастрасии кишварҳои саркаш ва гурӯҳҳои террористӣ ба фанновариҳои ҳастаӣ ҷилавгирӣ кунанд. Ӯ афзуд, ки кишварҳои узви Аҳднома набояд фанновариҳои ҳастаиро дар ихтиёри кишварҳои дигар гузоранд. Аҳдномаи манъи густариши силоҳҳои атомӣ ҳамчунин кам кардани теъдоди силоҳи ҳастаӣ ва ба куллӣ аз байн бурдани онҳоро пешбинӣ мекунад. Иёлоти Муттаҳида ва 60 кишвари дигари дунё аҳдномаи мазкурро соли 1968 имзо карданд ва баъдан, ба ҷуз аз Ҳинду Покистону Исроил, дигар кишварҳои олам низ ба ин аҳднома пайвастаанд.
XS
SM
MD
LG