Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия: идомаи ҳамкории энержӣ бо Тоҷикистон


Ба ақидаи коршиносрн, Русия ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар эҳдоси нерӯгоҳҳои барқи обиро идома хоҳад дод.

Дар тавзеҳ ба дурнамои ҳамкориҳои энержии Русия ва Тоҷикистон дар ҳошияи қатъ шудани фаъъолияти ширкати РАО ЕЭС таҳлилгарон мегӯянд, Русия дар ҳеч сурат аз манобеъи саршори барқи Тоҷикистон даст нахоҳад бардошт.

Коршиноси масоъили сиёсӣ ва иқтисодии Осиёи марказӣ ва Қафқоз Артём Улунян (Русия) бар ин назар аст, ки аз байн рафтани РАО ЕЭС ба маънии қатъи ҳамкориҳои энержии Русияву Тоҷикистон нест. Ин донишманд мегӯяд: «Русия дар минтақаи Осиёи марказӣ манофеъи зиёди геополитикӣ дорад ва ба ҳамин хотир ба дунболи нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» дар сохтмони НБО «Роғун» ҳам ширкат хоҳад кард».
Ба эътиқоди таҳлилгар, Русия ба манобеъи фулузоти Тоҷикистон зиёд таваҷҷуҳ дорад ва ба ҳамин далел барои эҳдоси нерӯгоҳҳои нави барқӣ дар Тоҷикистон талош хоҳад кард ва шояд яке аз ширкатҳои металлургии Русия дар сохтмони нерӯгоҳҳои дигари барқи обии Тоҷикистон саҳм бигирад. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки Чин, Ҳинд ва бархе аз кишварҳои аврупоӣ хостори ширкат дар бунёди чунин нерӯгоҳҳои Тоҷикистон шудаанд. Ин рақобат Русияро водор мекунад, ки дар ободии Тоҷикистон бештар фаъъол бошад.

РАО ЕЭС, бузургтарин ширкати барқии Русия, соли 1992 бо имзои президенти вақт Борис Елсин ташкил шуд. Ин ширкат дар хориҷ бо номи «Интер РАО ЕЭС» 14 ширкати фаръӣ дорад, ва яке аз ин ширкатҳо дар Тоҷикистон ба эҳдоси НБО «Сангтуда-1» дар рӯдхонаи Вахш машғул аст. Фаъъолияти РАО ЕЭС 1-уми июл қатъ шуд.
Ҳамзамон дар Тоҷикистон чархаи дувуми «Сангтуда-1» ба кор даромад. Коршиносон мегӯянд, ки Русия дар эҳдоси НБО «Роғун» ҳам ширкат хоҳад кард, вале посухи расмӣ ҳанӯз интишор нашудааст.
XS
SM
MD
LG