Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нобудшавии қароргоҳи ҷангиён дар Покистон


Мақомоти Покистон гуфтанд, ки нирӯҳои ин кишвар имрӯз, дар рӯзи чоруми амалиёти зидди ҷангиёни исломӣ як сохтмони бузурги ҷангиёнро дар минтақаи қабиланишини Хибер нобуд карданд. Сохтмоне дар маҳалли Малик Динхел ба ҳайси қароргоҳи гурӯҳи мамнӯъшудаи Лашкари Исломӣ хизмат мекард. Дар ҳамин ҳол, нирӯҳои ниманизомии Покистон ҳама роҳҳои убуру мурурро дар атрофи шаҳри Бара, маҳалли марказии амалиёт муҳосира кардаанд. Ҳукумат баъди он амалиётеро ба роҳ монд, ки ҷангиён шаҳри шимолуғарби Пешавар ва роҳеро, ки ба захирагоҳи муҳими нирӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон мебарад, ҳадафи худ қарор доданд.
XS
SM
MD
LG