Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зарурати қабули барномаи кӯмак ба Афғонистон


Як мақоми баландпояи хадамоти имдодрасони СММ гуфт, ки зарурате барои қабули нақшаи нави кӯмакҳои башарӣ ба Афғонистон пеш омадааст. Ҷон Ҳолмс баъди бозгашт аз Кобул дар Женева имрӯз гуфт, ки вазъи башарӣ дар Афғонистон на фақат ҷиддӣ аст, балки боз ҳам бадтар мешавад. Вай гуфт, ки моҳҳои наздик ба эҳтимоли ғолиб дархосте ба ин манзур ироа хоҳад шуд. Вай гуфт, ки мизони кӯмакҳо ҳанӯз то охир мушаххас нашудааст, аммо ба эҳтимоли зиёд миқдори ин маблағҳо ҳудудан 300-400 миллион долларро ташкил хоҳад дод. Яке аз нахустин ниёзҳои мардуми Афғонистон ғизо мебошад, ки бо сабаби болоравии нарҳову хушкӣ нокофӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG