Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғоратгарӣ дар лаҳзаҳои даври ниҳоии Евро-2008


Ғоратгарони либоси полис дар тан ва мусаллаҳ бо аслиҳа дар лаҳзаҳои баргузории даври ниҳоии бозиҳои Евро-2008 вориди дафтари марказии почтаи шаҳри Сараево шуда, дар лаҳзаҳое, ки ҳама муҳофизон чашм аз телевизион намеканданд, садҳо ҳазор евроро ба ғорат бурданд. Хабаргузориҳои маҳаллӣ мегӯянд, ки муҳофизони идораи почта бозии дастаҳои Испанияву Олмонро тамошо мекарданд ва дар ҳамин лаҳзаҳо ғоратгарон вориди сохтмон шуда, 700 ҳазор евроро ба яғмо бурданд. Полиси Сараево бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки шумори ғоратгарон мушаххас нашудааст, аммо дар пайи шабехуни онҳо ба почта се муҳофиз маҷрӯҳ шудааст ва яке аз онҳо дар ҳолати вазнин қарор дорад.
XS
SM
MD
LG