Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷозаи ташкили ҳамоишҳо дар Бишкек


Додгоҳи Қонуни асосии Қирғизистон имрӯз ҳукм кард, ки ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар ташкили ҳамоишу гирдиҳамоиҳо дар пойтахт ғайриқонунӣ будааст. Тибқи қонуне, ки соли 1994 қабул шудааст, мақомот ҳақ доранд, ки иҷоза ва ё манъи баргузории гирдиҳамоиҳоро содир кунанд. Соли гузашта Шӯрои шаҳри Бишкек аз ин қонун истифода карда ташкили як гирдиҳамоии зиддиҳукуматиро дар майдони марказии Бишкек манъ кард, аммо Додгоҳи Қонуни асосии Қирғизистон имрӯз гуфт, ки қонуни мазкур бо конститутсияи моҳи октябри порсол қабулшуда муғоират дорад. Қонуни асосии нав акнун ба мақомот ҳақи иҷоза ва манъи баргузории ҳамоишҳоро намедиҳад.
XS
SM
MD
LG