Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА воҳидҳои нави низомиро ба Ироқ мефиристад


ИМА метавонад дар оғози соли 2009 шаш воҳиди нави низомиро, ки дар маҷмӯъ ҳудудан аз 33 ҳазор сарбози дарёӣ иборат мешаванд, ба Ироқ эъзом кунад. Мақомоти Пентагон гуфтанд, ки ин нирӯҳо сарбозони феълан амалкунандаро иваз карда ба вазорати дифои ин кишвар имкон медиҳанд, ки 15 бригадаи ҷангиро дар Ироқ мустақар кунанд. Сухангӯ Браян Витман афзоиши шумори нирӯҳоро чун талошҳои таҳким ва ҳимояти сатҳи кунунии амалиёти ҷангии Ироқ арзёбӣ кард.
XS
SM
MD
LG