Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти як шаҳрванди ИМА ба ҳангоми қочоқ


Як шаҳрванди Иёлоти Муттаҳида Амрико ҳангоми қочоқи аслиҳа-мушкети гаронбаҳо аз хоки Тоҷикистон боздошт шуд.

Дар дидбонгоҳи гумрукии Панҷи поёни ноҳияи Қумсангир, ҳаммарз бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон, барои нахустин бор аз ҳодисаи қочоқи аслиҳаи дарозумри таърихӣ аз сўйи як шаҳрванди Амрико ҷилавгирӣ шуд. Мақомот нафари боздоштшударо ба ҷавобгарии ҷиноӣ накашиданд ва рўшансозии ҳуввияти вай худдорӣ меварзанд. Ҷумъахон Раҷабов, раҳбари дидбонгоҳи гумрукии Панҷи поён, бо таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, аслиҳа-мушкети аз бағоҷи сабукрави шаҳрванди Амрико мусодирашуда дорои таърихи тўлонӣ буда ва бар асоси қавонони Тоҷикистон «сарвати фарҳангӣ» арзёбӣ мешавад.

Аммо дафтари матбуотии сафоратхонаи Амрико дар Душанбе мегўяд, аз вуқўъи ҳодисаи марбут ба қочоқи аслиҳа-мушкет аз ҷониби шаҳрванди он кишвар танҳо аз тариқи расонаҳои хабарии Тоҷикистон хабар ёфтаанд. Нигина Алиева, корманди дафтари матбуотии ин сафоратхона мегўяд: «Дар сафорат дар мавриди ҳуввияти ин шаҳрванди ИМА иттилоъ надоранд».

Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи мақомоти Хадамоти гумруки Хатлон, шаҳрванди қочоқбари Амрико пас аз он ки ба муҷозоти маъмурӣ кашида шуд ва 350 сомонӣ, муодили 101 доллари амрикоӣ, ҷарима супурд, озод гардид ва ба Иёлоти Муттањида баргашт.

Қарор аст, ояндаи наздик аслиҳа-мушкети мусодирашуда дар осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шавад.

XS
SM
MD
LG