Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои пешрафтҳои бештари демократӣ аз Остона


Як ҳайати конгрессменҳои амрикоӣ, ки аз Остона дидан мекунад, аз мақомоти Қазоқистон тақозо кард, ки дар пешорӯи ба ихтиёри ин кишвар гузаштани масъулияти раҳбарии давраии САҲА дар соли 2010 ислоҳоти демократии кишварро суръат бахшад. Ҳайати амрикойӣ ба раҳбарии сенатор Бенҷамин Кардин бо раиси ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва раҳбарияти мухолифину гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар мулоқот кард. Қазоқистон ваъда додааст, ки қонуни интихоботро ислоҳ карда, озодиҳои бештари расонаҳои хабариро таъмин мекунад. Кардин гуфт, ки ин риштаҳо ба пешрафтҳои хеле зиёд ниёз дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG