Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тифлис боз шудани марз бо Абхозистонро тақозо кард


Мақомоти Гурҷистон аз ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистон тақозо карданд, ки қитъаи марзашро бо Гурҷистон билофосила боз кунад ва ин басташавиро чун як амали поймолкунандаи созиши оташбаси соли 1994 арзёбӣ кардаанд. Мақомоти Абхозистони ҷудоихоҳ баъди он марзи худро басташуда эълон карданд, ки чанд таркиши Гагриву Сухумӣ рӯзҳои якшанбеву душанбе дасти кам 8 нафарро маҷрӯҳ бар ҷой гузошт. Абхозистон оғози солҳои 1990 ба таври якҷониба аз Гурҷистон ҷудо шуд ва ҳарчанд ҳам дафъатан аз пуштибонии Русия бархурдор гашт, аммо инро ҷомеаи байналмилалӣ эътироф намекунад.
XS
SM
MD
LG