Пайвандҳои дастрасӣ

Нирӯҳои эътилоф даҳҳо ҷангиёнро нобуд карданд


Эътилофи нирӯҳои байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико дар Афғонистон гуфт, ки дар шарқи ин кишвар дар пайи амалиёти ҳавоии зидди шӯришиён беш аз 30 ҷангӣ кушта шуданд. Дар изҳороти эътилоф гуфта мешавад, ки ҳавопаймоҳои ҷосусии онҳо шаби душанбе ба сешанбе ҷангиёнро дар вилояти Хост, ҳаммарз бо Покистон ҳадаф қарор доданд. Рӯзи душанбе як мақоми ҳукумати Афғонистон гуфт, ки нирӯҳои амрикоӣ бо кӯмаки ҳавопаймоҳои ҷангӣ дар вилояти ҷанубуғарби Нимрӯзи Афғонистон 28 шӯриширо ба қатл расониданд. Тибқи гузориши хабаргузории Ассошейтед Пресс, дар хушунатҳои имсола беш аз 2100 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG