Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони атрофи тасвиби аҳдномаи Лиссабон


Раиси ҷумҳурии Лаҳистон Леҳ Качински гуфт, ки аҳдномаи ислоҳоти Иттиҳодияи Аврупоро имзо нахоҳад кард, ба хотири ин ки баъди рад шудани он дар референдуми моҳи гузаштаи Ирландия акнун ин як амали беҳуда хоҳад буд. Рӯзи душанбе Ҳорст Кӯҳлер, раиси ҷумҳурии Олмон тасвиби аҳдномаи мазкурро мутаваққиф кард ва гуфт, ки мунтазири ҳукми додгоҳи Қонуни асосӣ хоҳад шуд. Аҳдномаи Лиссабон, ки тақвияти Иттиҳодияи Аврупоро дар назар мегирад, бояд аз ҷониби ҳама аъзои ин ниҳод пазируфта шавад, то ин ки ҳукми қонуниро касб кунад. Аммо хатари дигаре, ки ба аҳдномаи мазкур акнун таҳдид мекунад, ин ба ӯҳдаи Фаронса гузаштани раҳбарии давраии Иттиҳодияи Аврупо мебошад.
XS
SM
MD
LG