Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби рамзии футболи Аврупо-2008 муайян шуд


Филипп Лаҳм (Олмон) ба дарвозаи дастаи Туркия голи ҳалкунанда мезанад

Филипп Лаҳм (Олмон) ба дарвозаи дастаи Туркия голи ҳалкунанда мезанад

Гурӯҳи техникии UEFA, ки ба он 8 мураббии машҳури Аврупо шомиланд, дастаи мунтахаби рамзии футболи Аврупо-2008-ро эълом кард.

Ба ҳайъати он 23 бозигар9 нафар аз тими миллии Испания, қаҳрамони футболи Аврупо-2008, 4 бозигари мунтахаби Русия, 3 нафар аз тими Олмон, 2-нафарӣ аз дастаҳои Ҳуланд ва Португалия, 1-нафарӣ аз тимҳои Туркия, Хорватия ва Итолиё дохил шуданд.
Дастаи мунтахаби рамзии Аврупо-2008 аз ин футболбозон иборат аст:
дарвозабонҳо: Ҷонлуиҷӣ Буффон (Итолиё), Икер Касиляс (Испания), Эдвин ван дер Сар (Ҳуланд); ҳимоятгарон: Бозингва (Португалия), Филипп Лаҳм (Олмон), Карлос Марчена (Испания), Пепе (Португалия), Карлес Пуйол (Испания), Юрий Жирков (Русия); нимҳимоятгарон: Ҳамид Олтинтоп (Туркия), Лука Модрич (Хорватия), Маркос Сенна (Испания), Хави Эрнандес (Испания), Константин Зирянов (Русия), Михаэл Баллак (Олмон), Сеск Фабрегас (Испания), Андрес Иниеста (Испания), Лукас Подолски (Олмон), Уэсли Снейдер (Ҳуланд); ҳамлагарон: Андрей Аршавин (Русия), Роман Павлюченко (Русия), Фернандо Торрес (Испания), Давид Вилля (Испания).
XS
SM
MD
LG