Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Испониё пирӯзии тими миллиашро ҷашн мегирад


Садҳо ҳазор нафар аз дӯстдорони футбол дар Испониё дирӯз барои таҳсин хондани тими миллии ин кишвар ба хиёбонҳои шаҳри Мадрид рехтанд. Футболбозони тими миллии Испониё рӯзи душанбе дар як автобуси болокушодае шаҳри Мадридро давр заданд. Имрӯз онҳоро нахуствзир Хосе Луис Родригес Запатеро дар қароргоҳи худ мепазирад. Дар марҳилаи ниҳоии бозиҳои қаҳрамонии Аврупо дастаи Испониё тими миллии Олмонро бо ҳисоби 1 бар сифр шикаст дод ва дар 44 соли ахир бори аввал чунин ҷоизаи бонуфузро аз они худ кард.

XS
SM
MD
LG