Пайвандҳои дастрасӣ

Иддаои Эрон дар мавриди сӯйиқасд ба ҷони Аҳмадинажод


Як дипломати эронӣ мегӯяд, ҳангоми сафари раиси ҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод ба шаҳри Рум дар авоили ҳамин моҳ мехостаанд, раиси ҷумҳури Эронро бо таъсири ташшашӯъ ва ё радиатсия бикушанд. Хабаргузории расмии ИРНА аз қавли сафири Эрон дар Итолиё Абулфазл Зӯҳраванд навиштааст, дар маҳалле, ки Маҳмуди Аҳмадинажод бояд меистод, мехостаанд, то аз миқдори зиёди радиатсия, ки барои ҷони инсон хатарнок аст, истифода кунанд. Вай нагуфт, ки Маҳмуд Аҳмадинажод дар куҷо меистод. Раиси ҷумҳури Эрон аввали ҳамин моҳ дар нишасти Созмони Милал доир ба масоили таъмини маводи ғизоӣ ширкат дошт. Худи Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтааст, ки ҳангоми сафараш ба Ироқ дар моҳи март аз як сӯиқасд ба ҷонаш раҳо шуд.

XS
SM
MD
LG