Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҷануби Афғонистон 28 ҷангҷӯ кушта шуд


Як мақоми расмии Афғонистон мегӯяд, нерӯҳои Амрико бо ҳимояти ҳавопаймоҳо 28 ҷангҷӯро дар ҷанубуғарби Афғонистон куштаанд. Эътилофи ба раҳбарии Амрико гуфт, нерӯҳои онҳо рӯзи якшанбе ҳангоми ҷустуҷӯи тундравон дар ноҳияи Хошроди вилояти Нимрӯз мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Дар натиҷаи ин задухӯрд сарбозони эътилоф чандин тан аз ҷангҷӯёнро куштаанд. Волии Нимрӯз Ғулом Дастагир Озод гуфтааст, ки 28 ҷангҷӯ аз ҷумла чанде аз фармондеҳони Толибон ва чаҳор сокини осоишта дар ин даргириҳо ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG