Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 28 ошубгар дар Нимрӯз


Мақомоти Афғонистон хабар доданд, ки бар асари задухурд бо ошубгарон бо истифода аз ҳавопаймоҳои низомии амрикоӣ дар ҷанубу ғарби Афғонистон 28 тан аз толибон кушта шуданд. Нерӯҳои эътилофи таҳти фармони Иёлоти Муттаҳида рӯзи якшанбе дар волусволии Хашруди вилояти Нимрӯз дар ҳоле мавриди ҳамла қарор гирифтанд, ки дар ин минтақа дар пайи ҷустуҷӯи ошубгарон буданд. Дар ин задухурд, ба иттилоъи эътилоф, теъдоди бузурги ошубгарон ба ҳалокат расиданд. Ғулом Дастагири Озод, волии Нимрӯз хабар дод, ки дар ин даргирӣ 28 ошубгар, аз ҷумла, чанд фармондеҳи толибон ва ҳамчунин чаҳор сокини осоишта кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG