Пайвандҳои дастрасӣ

Абхазистон марзҳояш бо Гурҷистонро мебандад


Абхазистон шурӯъ аз рӯзи сешанбе марзҳои худ бо Гурҷистонро мебандад. Дар ин бора раиси ҷумҳур Сергей Багапш хабар дод. Ӯ хадамоти иктишофии Гурҷистонро дар ташкили инфиҷорҳо дар шаҳрҳои Сухумӣ ва Гагра муттаҳам кард ва афзуд, ки ҳукумати Абхазистон барои муҷозоти афроди дастдошта дар ин ҳамлаҳои террористӣ аз ҳама чораҳои зарурӣ кор мегирад.
Имрӯз бар асари ду инфиҷор дар Сухумӣ, пойтахти Абхазистон шаш нафар маҷрӯҳ шуданд. Субҳи дирӯз инфиҷорҳо дар дигар шаҳри Абхазистон – Гагра мунҷар ба ҷароҳат бардоштани шаш нафар, аз ҷумла, ду тифл шуда буданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG