Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати ҳафт ошубгар дар ағбаи Хайбар


Бар асари таркиш дар қароргоҳи ошубгарон дар шимоли Покистон дасти кам ҳафт нафар кушта шуданд. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, гурӯҳҳои ниманизомии ҳукуматӣ се рӯз боз амалиёти густарда алайҳи мухолифин дар ағбаи Хайбарро идома медиҳанд. Ошубгарон пайваста роҳҳои минтақаро бамгузорӣ ва ба шаҳри Пешовар таҳдид мекунанд ва ба ин васила дар таъминоти эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон монеъа эҷод менамоянд.

Амалиёт алайҳи ин афроди мусаллаҳ нахустин амалиёти низомии ҳукумати нави Покистон аст, ки баъди пирӯзӣ дар интихоботи порлумонии моҳи феврал сари қудрат омад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG