Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Қӯрғонтеппа ва навоҳии атрофи он дар 15 соли ахир аз хизмати автобусҳои мусофирбар бино бар набуди онҳо истифода намешавад.

Вале, дар ҳамин ҳол сокинони водӣ мегӯянд, ки феълан камчинии васоити нақлиётӣ онҳоро азият намедиҳад.
Дар ҳоли ҳозир дар Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон ва севумин шаҳри бузурги Тоҷикистон, ягон адад автобус ба мусофирон хизмат намекунад. Хизматрасонии нақлиётии мардум фуълан бар дӯши 45 адад микроавтобус ва теъдоди зиёди таксиҳо аст. Масалан, аз бозори марказӣ ба нуқтаи дилхоҳи шаҳр бар ивази 1 сомонӣ бо таксӣ ва 50 дирам бо микроавтобус расидан мумкин аст. Гузашта аз ин, ҳарорати шадидан баланди ҳаво ва низ хатсайрҳои начандон тӯлонӣ эҳтиёҷоти мардум ба автобусҳоро ночиз кардааст, – мегуянд масъулини шаҳрдорӣ.
Вале азбаски водии Вахш минтақаи аслан кишоварзист ва сокинони ин минтақа молу маҳсулоти тавлидотии худро ба ягона фурӯшгоҳи барояшон дастрас – бозори марказии Қӯрғонтеппа – оварда ва ба фурӯш мегузоранд, қимати рӯзафзуни роҳкирои нақлиёти байниноҳиявӣ эътирози, бавижа, кишоварзон ва соҳибкорони хурдро ба вуҷуд овардааст.
Назокат, сокини деҳаи Оқгазаи шаҳри Сарбанд, ки дорои заминҳои кишт аст ва рӯзгори хонаводаашро асосан бо пули маҳсулоти фурӯхтааш дар бозори Қӯрғонтеппа пеш мебурдааст, мегӯяд, ҳамарӯза ба ҳисоби миёна беш аз 4 сомонӣ барои роҳ масраф мекунад, ки ин барои ӯ ва ҳамдеҳаҳояш, аслан, маблағи кам нест.
Вале ронандаҳои васоити нақлиёти ҷамъиятӣ иддаъо мекунанд, ки қимати баланди роҳкиро асосан бастагӣ ба нархи сӯзишворӣ, пардохтҳои расмиву ғайрирасмии роҳ, сар карда аз пули истгоҳ то ба «ҳаққи» нозирони бозрасии давлатии нақлиётӣ доштааст.
Дар ҳамин ҳол, мушкили дигари марбут ба нақлиёти ҷамъиятӣ дар Қӯрғонтеппа ин аст, ки шаҳрдорӣ ҳанӯз маконеро барои исти микроавтобус ва таксиҳои дохилӣ ва байниноҳиявӣ муайян накардааст ва, ба таъйиди коршиносони маҳаллӣ, тартибу низоме дар ин соҳа вуҷуд надорад. Шодӣ Сангалиев, муовини раиси Корхонаи воҳиди давлатии истгоҳи нақлиётии Қурғонтеппа, мегӯяд, аҳолӣ аз бесарусомониҳои нақлиёти ҷамъиятӣ шикоят мекунанд, аммо гумон аст, ки ба ин зудиҳо мушкили онҳо осон шавад: «Ҳанӯз қарори мушаххасе ба дасти мо нарасидааст, ки чӣ коре бояд кунем. Инро бояд ҳукумат ҳал кунад…»
Оқои Сангалиев мегӯяд, қарор аст, ки ояндаи наздик дар Қурғонтеппа 6 автобуси нав барои хидмати мусофирон ба кор андохта шавад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки то ҷанги шаҳрвандӣ 41 мусофирбар дар хидмати сокинони маркази маъмурии Хатлон қарор дошт, аммо дар давраи бесомониҳои ҷанг автобусҳо қисман рабуда ва қисман тахриб гардиданд.
XS
SM
MD
LG