Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Райс бо раҳбарони Чин


Кондализа Райс, Котиби давлатии ИМА дар чаҳорчӯби сафараш ба Чин бо раиси ҷумҳур Ҳу Ҷин Тао ва нахуствазир Вэн Ҷибао дидору гуфтугӯ дошт. Дар арафаи ин мулоқотҳо хонум Райс гуфта буд, ки мехоҳад бо раҳбарони Чин мавзӯъи вазъи Тибет, пешрафт дар музокирот оид ба барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ ва вазъ дар Зимбабверо баррасӣ кунад. ИМА хостори эълони таҳримҳо алайҳи режими Роберт Мугабе дар Шӯрои амнияти СММ шудааст ва мехоҳад, ки дар ин мавзӯъ аз пуштибонии Чин бархурдор шавад. Чин дар Шӯрои амниятии СММ ҳаққи вето дорад.

Кондализа Райс сафари худ ба Чинро аз манотиқи ҷанубу ғарби ин кишвар шурӯъ кард, ки он ҷо бар асари заминларзаи шадид даҳҳо ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.


XS
SM
MD
LG